Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
мазҳари Бадоеи сувар — камолиддин Беҳзод Соли 1955 рассоми забардаст Камолиддин Беҳзод 500-сола шуд. 500-солагии Камолиддин Беҳзод санае буд, ки онро халқи мо бо шукўҳ ҷашн гирифт.
Камолиддин Беҳзод дар таърихи санъати тасвирии мардуми Осиёи Марказию Эрон ва ҷаҳон мавқеи фавқулодда бузурге дорад. Барои ҳамин суратгарон, наққошон, хаттотон ва дигар намояндагони аҳли ҳунари замони Беҳзод ўро ба
1 ҷиҳати маҳорат ва санъати баландаш устод ва «Монии сонӣ»мешумориданд, нисбат ба ў муҳаббат ва эҳтироми бузурге доштанд. Муаррих ва воқеанигори маъруфи он замон Ғиёсиддин Хондамир маҳорати Камолиддин Беҳзодро тавсиф намудааст:
Мўи қаламаш зи устодӣ,
2 Ҷон дода ба сурати ҷамодӣ.
Камолиддин Беҳзод дар яке аз давраҳои мураккаби таърих умр ба сар бурдааст. Охирҳои асри XV ва ибтидои асри XVI дар Хуросон ва Мовароуннаҳр протсесси таназзули феодализм хеле қувват гирифт. Тохтутозҳои беохир, ҷангҳои пай дар паи дохилию хонадонӣ ва байниқабилавию сулолавии Темуриён, Шайбониён ва Сафавиён ба сари халқ фоҷиаҳои бисёре оварданд.
Чунин вазъияте рўй дод, ки аҳволи маишии ин мардум рўз то рўз хароб шудан гирифт, қувваҳои истеҳсолкунанда нобуд мешуд, обёрӣ вайрон мегардид, роҳҳои корвонии савдо қатъ мешуданд... Равшан аст, ки ин ҳолат шароити моддии мардумро мушкил мекард.
Қатъи назар аз душвориҳои ҳаёти сиёсӣ асрҳои ХV-ХVI дар таърихи халқ яке аз давраҳоест, ки тамаддун ва соҳаҳои гуногуни он – адабиёт, санъати тасвирӣ, хушнависӣ, меъморӣ, мусиқӣ хеле равнақ гирифт. Тараққиёти санъатҳои нафис бештар дар Ҳирот ва фан дар Самарқанд марказият доштанд. Дар ин соҳа ду шахси бузурги он замон – шоир, мусиқишинос ва олими забардаст Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва шогирд, дўст ва ҳимоятгари ў Мир Алишер Навоӣ (1441-1501) хидмати шоиста кардаанд. Онҳо мекўшиданд, ки ҷавонҳои соҳибистеъдодро дар атрофи худ ҷамъ карда, дар «мактаби маданият»-и он замон шаҳри Ҳирот тарбия кунанд. Дар натиҷа, дар замони султон Ҳусайн Бойқаро (1469-1506), ки Алишер Навоӣ вазири ў буд ва пойтахти ў – шаҳри Ҳирот суханварон, олимон, санъаткорон ва дигар намояндагони тамаддун ҷамъ омаданд. Дар ин бора маълумоти зиёди мўътамадро муаррихон ва адибони он давра, чунончи Восифӣ («Бадоеъ-ул-вақоеъ»), Навоӣ («Маҷолисун-нафоис» ва иловаҳои тарҷумони ин асар – Фахрии Ҳиротӣ), Бобур («Бобурнома»), Соммирзо («Тўҳфаи Сомӣ»), Хондамир («Ҳабиб-ус-сияр») ва дигарон дастраси мо кардаанд.
Дар ҳамон давра адабиёт ва фан хеле ривоҷ гирифт. Алишер Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис»-и худ 105 танро номбар менамояд, ки машғулияти асосии онҳо шоирӣ будааст. Албатта, аксари ин шоирон дар таърихи адабиёт мақоми вижаеро дошта наметавонанд. Вале бояд эътироф намоем, ки маҳз аз ҷумлаи ҳамин гурўҳ шоироне буданд, ки эҷодиёти онҳо бештар тамоюли пешравӣ дошта, ҷараёни пешқадами адабиётро ташкил менамуд. Чунончи, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Зайниддин Восифӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Камолиддин Биноӣ, Сайфии Бухороӣ аз ҳамин қабил шоирони номдори Осиё ва Хуросони он замон, ба шумор мераванд. Рушди адабиёт дар нимаи дувуми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё