Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
асри XV барои таълиф ёфтани як силсила асарҳои марбут ба таърихи адабиёт
(тазкираҳо) ва назарияи адабиёт сабаб гардид. Абдураҳмони Ҷомӣ ду рисола
роҷеъ ба муаммо – «Муаммои сағир», «Муаммои кабир», инчунин «Рисолаи
қофия» ва «Баҳористон»-ашро таълиф намуд. Алишер Навоӣ (ба забони
туркии ўзбекӣ) «Маҷолис-ун-нафоис», «Рисолаи муаммо», «Муҳокимат-уллуғатайн», Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкират-уш-шуаро»,Камолиддин
Ҳусайнӣ «Рисола-фӣ-л-муаммо», Сайфии Бухороӣ «Арўз»-ро таълиф намудаанд. Ба ҳимоят ва дастгирии Навоӣ ва Ҷомӣ якчанд китоби илмие ҳам таълиф карда шуд: монанди «Шарҳи Мулло»-и Ҷомӣ дар мавзўи сарфу наҳви арабӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддин Даввонӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ин муаллиф «Калила ва Димна»-ро ба унвони «Анвори Суҳайлӣ»
танзим намуд.
Дар соҳаи таърих инчунин якчанд асари барҷаста тартиб дода шуд:
«Матлаъ-ус-саъдайн»-и Абдураззоқи Самарқандӣ, «Равзот-ул-ҷаннот фӣ ав - софи мадинат-ил-Ҳирот»-и Муиниддини Исфизорӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд ва амсоли инҳо.
3 Хулоса таҳти роҳбарии Ҷомӣ ва Навоӣ 57 асари муҳим навишта шуд, ки ҳар кадоми он дар замони худ тадқиқоти барҷастае ҳисоб меёфт ва сабки илмӣ-назарӣ дошт.
Доираи аҳли санъати он замон ҳам хеле васеъ буд: донишмандони мусиқӣ ва навозандагон Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Кулмуҳаммади Удӣ, Шай хи Ноӣ, Ҳусайни Удӣ, ки (ба фикри Бобур), бо ёрии Навоӣ ба шўҳрати
4 фавқулодда соҳиб гардида буданд; гурўҳе аз наққошон, суратгарон, хаттотон ва саҳҳофон ҳам истеъдоди худро нишон дода, санъаташонро ба дараҷаи аъло
5 расонида буданд. Чунончи, «Султон-ул-хаттотин» Султон Алии Машҳадӣ,
6 Камолиддин Беҳзод, ки сабки нави суратгарӣ (миниатюра)-и он давра ба
7 номи ў алоқаманд аст; шогирди наздиктарин ва пайрави Беҳзод – Қосим Алӣ, Хоҷа Муҳаммади Наққош, Шоҳ Музаффар ва дигарон.
Соли таваллуди Камолиддин Беҳзод ба соли 1455 наздик буда, дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Дар айёми наврасӣ падару модари ў вафот кардаанд ва ў сағир мондааст. Мувофиқи маълумоти Қозӣ Аҳмад ибни Мирмуншӣ –
8 муаллифи рисола дар мавзўи ҳудуси қалам ва пайдо шудани хат ва асноди он, тарбияи Камолиддин Беҳзодро устод Мираки Наққоши Ҳиротӣ, ки вазифаи китобдори ҳокими мамлакат султон Ҳусайн Бойқароро адо менамуд, ба ўҳдаи
9 худ гирифт. Беҳзод, ки истеъдоди фавқулоддае дошт, ба зудӣ ва ба хубӣ санъати суратгариро аз худ кард. Қобилияти Беҳзод диққати аркони фарҳанги замонро ба худ ҷалб намуд. Аз ҷумла Алишер Навоӣ ба Камолиддин Беҳзод аҳамияти вижа дод ва ҳимоят намуд, ки ин ҳам ба камолоти санъати суратгари моҳир кўмак расонид. Дар ин хусус Бобурмирзо дар «Бобурнома»-аш қайд менамояд, ки «устод Беҳзод ва Шоҳ Музаффар бо саъй ва эҳтимоми бек (яъне
10 Навоӣ – К.А.) ин тавр машҳур ва маъруф гардидаанд». Ин маълумотро
11 Хондамир ҳам («Ҳабиб-ус-сияр») тасдиқ менамояд. Хулоса, қабл аз вафоти Алишер Навоӣ (соли 1501) номи Камолиддин Беҳзод кайҳо ба устодӣ машҳур гардида буд. Зайниддин Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» воқеаеро тасвир менамояд, ки он ёддоштест дар бораи яке аз наққошиҳои аъло, шоҳкории Беҳзод. Ин тасвири Алишер Навоӣ мебошад, ки Беҳзод кашидааст ва онро дўстдорони санъат ва адабиёт дар ҳузури худи Навоӣ ба баҳои баланд сазовор намуда буданд. Инак, ёддошти Восифӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё