Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Пасон муаллиф фаъолияти башардўстона ва адолатпарастонаи Курушро нисбат ба мардумони гуногуннажод ва гуногунмазҳаби он кишвар феҳриствор баён намуда лашкаркашии ўро ба Машриқзамин ва ба Миср ба риштаи таҳрир овардааст. Арзиши илмии навиштаҳои устод В.В.Струве дар он аст, ки ҳар ҳарф ва суханаш мустанад, бидуни таассуб ва тамоюлоти ғайриилмӣ мебошад. Гузашта аз ин, хидмати дувумин аст, ки «Эъломияи ҳуқуқи башар»- и Куруши Бузургро дар навиштаҳои русӣ бо унвони «Манифести Куруш»
мунташир намудааст. Китоби номбурдаи устод В.В.Струве гунае, ки ишора шуд, ба мақсади таҳияи тадқиқоти куллии мустанади омўзгории мадориси олии марбути ховаршиносӣ, таърихшиносӣ ва ғайра тадвин ва таълиф шуда буд. Пас аз ин асари пурарзиши илмӣ, соли 1948 бо ҳамон унвон «Таърихи Шарқи бостон» китоби омўзгории бостоншинос В.И.Авдиев ба табъ расид.
Аз пешгуфтори нашри дувуми ин асар пайдост, ки ғараз аз ин нашр таҳияи як китоби омўзгории сиёсии замонӣ будааст. Ба ин ҷиҳат муаллиф ҳамаи муҳаққиқини бостоншиноси гузаштаро ба гуноҳи таваҷҷўҳ накардан ба матолиби иҷтимоии сиёсӣ, камӣ ва баъзан адами диққат ба исёнҳо, ҷунбишҳо ва набардгарии халқ ва мардум алайҳи сохтори дували замони феодалӣ
21 медонад. Ин ақидаи Авдиев В.И. дар бахши нақли воқеоти замон ва давлати Ҳахоманишҳо низ пайдост. Ин қисмати китоби мазбур тозагии мавод ва асноди таърихӣ надорад. Ҷараёни воқеоти замон ва давлатдории Куруши Бузург низ ба ҳамон сабк ва равияи китобҳои сиёсии замон баён шудаанд.
Ва ҳамчунин ақидаи муаллиф дар нодида гирифтани баъзе асноди бостонӣ ва хадамоти бузурги Куруши Бузург ва асосҳои давлатдорӣ ва навовариҳои инсофу адолатгироии ў зоҳир мегардад. В.И.Авдиев баробари ишора ва таъкид ба фаъолияти Куруши II дар таъмини дўстӣ байни давлати Порс ва дигар кишварҳо, ҳеҷ як аз асноди марбутаи бостониро дар ин матлаб, ҳатто
22 «Эъломияи ҳуқуқи башар»-ро ёдовар нашудааст, ҳол он ки андешаҳои устод В.В.Струве мабнӣ бар марҷаи мустанади бостонӣ ва гузоштани фиқраҳои онҳо дар ихтиёри аҳли мутолиа мебошад. Медонем, ки китоби омўзгории В.И.Авдиев соли 1951 ба гирифтани ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ
– ҷоизаи аввал ноил гардид, соли 1953 таҷдиди нашр шуд ва ба унвони китоби расмии «Таърихи Шарқи бостон» эълом гардид.
Яке аз муҳимтарин китобҳое, ки таърихи Эронро ба гунаи хулоса ва равшан баён мекунад, китоби «Эрон – шоҳаншоҳии ҷовидон» таълифи донишманди номӣ ва варзидаи эроншинос Роман Гиршман, (ки китоби дигараш дар фавқ
23 зикр шуд), Владимир Минорский ва Рамеш Сангви мебошад. Бахши таърихи бостони Эрон дар ин китоб ба қалами Роман Гиршман мутааллиқ аст. Дар ин китоби вижа таърихи Куруши Бузург ба тарзи возеҳ ва равшан баён ёфта, маншури вай ба муносибати бо дастураш дар Бобул аз асорат озод шудани
24 қавми яҳуд зикр ёфтааст.
Дар китоби «Таърихи Эрон ва фарҳанги он» мансуб ба қалами гурўҳи дониш мандони бостоншиноси собиқ Шўравӣ, ки ба муносибати 2500 солагии таъсиси давлати Эрон интишор ёфта ва бисёр матолиби тоза ва бикр баррасӣ шудааст, мутаассифона, дар бораи «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Бу-
25 зург ҳарфе на рафтааст.
Гумони яқин ин аст, ки дар таълифи мақолоти ин маҷмўа идеология ва сиёсати замон нақши хешро низ гузоштааст. Вале дар китоби дигаре дар ҳамин мавзўъ – «Таърихи Эрон» мутааллиқ ба қалами Н.В.Пигулевский, А.Ю.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё