Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Якубовский, И.П.Петрушевский, Л.В.Строева ва А.М.Беленитский – нахустин китобе, ки таърихи ин кишварро аз даврони бостон то поёни қарни XVIII дар бар гирифта, мабнӣ бар манобеи аслии хаттӣ аст, масъала ба гунаи дигар мебошад. Муҳим он аст, ки дар ин китоб Эъломияи Куруши Бузург нафақат зикр шуда, балки ба тарзи хулоса баррасӣ ва таҳлил гардида ва фиқрае аз он
26 «Эъломияи ҳуқуқи башар» ба забони русӣ тарҷума шудааст. Гумон меравад, ки дар ин маврид В.В.Струве яқинан нақши боризи хешро доштааст.
Нақши сиёсат ва замон дар кутуб ва мақолоти донишмандони шўравии собиқ дар боби Эрони бостон ҳамвора дида мешавад. Соли 1989 таҳқиқоти ҷолибе аз ҷониби гурўҳи донишмандони бостоншиноси собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба унвони «Тамаддуни қадим» интишор дода шуд. Вале дар боби VII он китоби вазин – «Фарҳанги Эрони бостон» маншури Куруши Бузург, ки
27 ҷаҳони муҳаққиқонро кайҳо ба худ ҷалб намуда, ҳатто ёдовар нагардидааст.
Аммо дар китоби дигаре – «Таърихи Эрон аз замони бостон то имрўз», ки бо кўшиши гурўҳе аз муаррихони мумтози собиқ Иттиҳоди Шўравӣ – А.А.Грантовский, М.А.Дандамаев, Г.Кошеленко, И.П.Петрушевский таълиф шудааст, Куруши Бузург, фаъолиятҳои давлатӣ, сиёсӣ, адолатманишӣ ва башардўстии ў ба тарзи хулоса, вале вижа ва мушаххас инъикос ёфта, ҳарчанд дар ин маврид низ «Эъломияи ҳуқуқи башар» бо хомаи ин донишмандон сабт
28 нагардидааст.
Ногуфта намонад, ки дар китобҳо ва мақолоти таърихшиносӣ, ки аз ҷониби муаллифони Тоҷикистон ва марокизи илмии он ба нашр расидаанд, дар бахшҳои марбут ба сулолаи Ҳахоманишҳо хулосае аз сиёсат ва футўҳоти давлаташон омадааст. Дар ин кутуб ва навиштаҳо аз падидаҳо ва ихтилофоти ҳарбу зарби кишваркушоён сухан рафтааст.
Ва ле тақрибан дар ҳамаи онҳо то соли 1972 – соли интишори «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров (ба забони русӣ) ҳарфе ва ишорае дар боби Эъломияи Куруши Бузург ва сиёсати башардўстонаи ў, ки маҳаки асосии баррасӣ ва натиҷагирии таърихи он замон бояд буда бошад,
29 дида намешавад.
Дар китоби муҳаққиқони
«Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби гурўҳи пажўҳишгарони таърихшиноси Тоҷикистон ва марокизи Маскав ва Ленинград таълиф шудааст ва ҷилди аввалаш соли 1963 таҳти таҳрири Бобоҷон Ғафуров ва Борис Литвинский ба табъ расидааст, дар матлаби сиёсат ва фалсафаи давлатдории Куруши Бузург ба вижа «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и ў низ ҳарфе нарафтааст.

пешина
аз 235
навбатӣ