Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Бубин «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифиро ман аз соли 1925 тарғиб мекунам, бо сад роҳ кўшидам, ки ба китобҳои мактабӣ дохил кунонам, вайро хулоса карда ба нашриёт супурдам. Хостам ҷавононе, ки алифбои пешинаро намедонанд ва аз он ба ҷиҳати тағйири алифбо ҷудо шудаанд, хонанд, аз насри классик, ҳеҷ набошад аз соддатаринаш, бохабар бошанд, намегузоранд.
Дастхати «Хулосаи Восифӣ»-и ман дар дасти касоне хобидааст, матни ба чоп омодааш дар нашриёти Тоҷикистон даҳ сол инҷониб хобидааст. Касе гуфтааст ва шояд хатти сиёҳ ҳам навишта бошад, ки Айнӣ нависандаи иртиҷоии мисли Восифиро тарғиб мекунад. Ин ҳамон қисмати «Чор дарвеш»!.. Аз китоби «Бедил» ҳам хабаре нест! Ман мехостам дар ин роҳ, ҳар чи метавонам анҷом диҳам, ки барои ҷавонон барои донистани ирфони гузашта кўмаке шавад.
Домулло Олими Хуҷандиро ҳам, ки монанди Тамҳиди Масеҳо ва Ҷавҳарӣ аз бедилшиносони авваланд, барои ҳамин ташвиқ кардам, ки ба Сталинобод фиристонам. Ҳоло дар Академия консултантӣ мекунанд…
Гуфтам: – Баҳоваддиновро дида будам, аз «Чор дарвеш»-у «Бедил»-и шумо гап зад.
Қиблагоҳ лаҳзае таҳаммул карданд ва бо як нигоҳи рамзомези хосаи худашон маро водор карданд, ки ошкоро сухан кунам. Гуфтам:
– Ин тавр бошад, «Бедил» ба осонӣ чоп намешудагист. Охир Бедилро баъзеҳо сўфии иртиҷоӣ, баъзеҳо материалист мегўянд. Ва баъд мегўянд, ки вай барои сиёсат қобили қабул нест.
Қиблагоҳ айнакашонро ба даст гирифтанд, ба ман боз як нигоҳи дарки ҳа қиқат карданд ва гуфтанд:
– Ту ин гапҳоро аз Баҳоваддинов шунидӣ? Баъд чӣ гуфт? Тақриз?
Гуфтам: – Як тақриз будааст, ман онро хондам. Алав Маҳмудович, илтимос кард, ки шуморо асабонӣ накунам.
Қиблагоҳ гуфтаҳоямро бодиққат ва ҷиддият гўш мекарданд ва охир илова карданд: – Бачем, ман зиндагии сахт гузаронидам, ҳам пеш аз инқилоб ва ҳам пас аз инқилоб. Ба шумоҳо доимо ба тафсил нақл мекунам ва он ҳамаро ҳам менависам, ки шумоҳо, ҷавонҳо, нотарс, ҷасур ва соҳибдониш ва бо андеша бошед.
– Ман асабонӣ мешавам... – давом доданд падарам, – аз касе тарсе надорам, зеро дар оташи зиндагӣ обу тоб ёфтаам. Вақте маро, ки дар Бухоро дар намоиши 7-8 апрели с.1917 иштирок накарда будам ва ҳам мисли дигарон фирор накардам, аз ҳуҷраам дастгир карда 75 чўби ваҳшиёна заданд, (ман ин воқеаро дар китобҳои бадеӣ ва айнан дар «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам»
баён кардаам) аз баданам хун пош мехўрд, парчаҳои гўшт ва пўст ба ҳар тараф мепарид. Дард тоқатфарсо буд, – давом медоданд падарам. – Аммо ба ман дар ин вақт чунин қувват ва тоқате рўй дод, ки аз «вой» гуфтан ва гиря кардан ба пеши ин золимони ваҳшии палид ор мекардам ва мардонавор ба амалдорон нигоҳ мекардам… Падарам лаҳзае сокит монданд. Ба назарам, хаёли рўзҳои сахт ва муборизоти зиндагӣ он касро фаро гирифта буд…
Пас ором, вале бо як оҳанги қатъӣ гуфтанд: – Тақризро биёр, хонем. Парво накун, агар тўҳмат бошад, обию нонӣ мекунем! Ва баъд зуд ба Лоҳутӣ хабар деҳ, ки тақризро ба тарзи расмӣ барои ман фиристонанд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё