Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ниҳоят нусхаи тақризи «Мирзо Абдулқодири Бедил», ки аз тарафи сардори Главлити ҷумҳурӣ таҳия шуда буд ва ба дасти ман муваққатан расида буд, мутолиа шуд. Домулло Айнӣ дар ғазаб буданд, ҳар замон пас аз як лаҳзае ба хаёли амиқ рафтан, гоҳ-гоҳ хандаи маънидоре ҳам мекарданд ва охир гуфтанд:
– Аҷаб мардумони содда, ҳатто намефаҳманд, ки Бедил ва Восифӣ барин бузургони мо барои замони нав хидмат карда метавонанд. Агар гузаштаро, бузургони худро кас надонад чӣ навъ одами нав шуда метавониста бошад.
Магар бо тўҳмат Бедил, Восифӣ, Фирдавсӣ, Рўдакӣ баринҳоро аз байн бурда мешавад? Чӣ қадар мо тоҷикон бечора ҳастем, худ ба пояи худ табар мезанем!
Ҳатто тақризнавис ҳам надорем. Ман талаб мекунам, ки ба Бертелс барин кас «Бедил»-ро бифиристанд, ки ў шахси донишманд аст, ба гумонам вай то китобро нахонад, назари худашро расмӣ баён намекунад. «Намунаи адабиёти тоҷик» ва «Луғати нимтафсирӣ»-и ман ҳам ҳамин гуна шуда буд, ҳуҷум ва тўҳмат! Ҳамон шарқшиносҳои донишманд ва Саид Нафисӣ барин касон дифоъ карда буданд. Баъзе соддалавҳон (бо фармони чӣ касоне кор мекарда бошанд?) баъдан ҳар чи ба хаёлашон ояд, ба тариқи мақолаи интиқодӣ ва ё тақризи дохилии пинҳонӣ навиштан мегиранд.
– Аммо, – давом доданд падарам, – тақризи Главлит боби ҷавоб аст ва ҳоло онро соз мекунам!
– Аҷибаш дар он аст, ки – гуфтанд падарам, – кошки нағз ва фаҳмида хонда бошанд китобро. Эй бечорагон, Фирдавсӣ мегўяд, – давом доданд па дарам ва ин байти Ҳакими Тўсиро қироат карданд:
Сухан кажжӣ гуфтан зи бечорагист,
Ба бечорагон – бар бибояд гирист!
– Вале чӣ бояд кард, – давом доданд падар, – ки гиристан фоида надорад, зеро ҳама аз соддагӣ ва бемаърифатии кадрҳои мост, аз зулм ва худнамоӣ, худписандӣ ва ғурури ҷаҳолат. Агар Бедил баринҳоро хуб мутолиа кунанд, ҳатман хоҳанд фаҳмид, ки дониш ва илм бо шляпа ва галстук намеояд, бо либосу пўшоки фохира ҳам намеояд. Роҳи дониш фақат дар кўшиш, мутолиа ва худшиносӣ аст. Ҳар кас бояд шахси худ, нафси хешро дарк кунад ва дар қиёс худ ба худ баҳо диҳад, на ин ки роҳи тазоҳурро, тўҳматро, бадбиниро, худдонамӣ ва худбинии пуч ва беҳударо пеш гирад. Бачем, кўшиш кун, ки шикастанафс бошӣ, соҳиби дониш ва мутолаа бошӣ, ростқавл бошӣ, он гоҳ нотарс мешавӣ! Ва он гоҳ, бо донистани он ки ҳамвора бадхоҳ дар камин аст, дар ҳар лаҳзаи рўзгор қудрат ва нерўи ҷавоб гуфтанро соҳиб мешавӣ!
Падар боз фикрашонро давом дода гуфтанд – Аҷаб мардуми содда ҳастанд:
вақте аз боло ба онҳо мегўянд: – «Салларо биёр, онҳо калларо меоранд». Охир ман пешниҳод карда будам, ки китобро ҷамъ шуда «читка» кунанд, яъне якҷоя бо ҳам хонда бароянд ва чанд нафар донандагони Бедилро, монанди Домулло Олими Хуҷандӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлии Ҷавҳаризода, Нодир Шанбезода, духтур Бадриддин Шаҳобов ва дигаронро низ ҷалб кунанд, ки онҳо ҷоҳои ба назари ҷавонон шубҳанокашро тафсир карда метавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё