Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Инак понависи саҳ. 29 аз китоби зикрёфта:
«1. Маҷзубон — тоифае аз аҳли сулуканд, ки ба фармоиши зоҳири шариат он қадар амал намекарданд ва риёзати шоққаро воситаи ба худо — ба ҳақиқат расидан медонистанд ва дар зоҳири аҳвол девонавор мегаштанд. Маслаки маҷзубӣ ҳам монанди ҳамаи шоху шохчаҳои дин ба заҳролуд кардани майнаи халқ нигаронида шудааст».
Ба исботи ин гуфтаҳо мо ба дастхатти муаллиф (автограф) муроҷиат менамоем. Он ҷо чунин омада:
«1. Маҷзубон — тоифае аз аҳли сулуканд, ки ба фармоиши зоҳири шариат он қадар амал намекунанд ва риёзати шоққаро воситаи ба худо — ба ҳақиқат расидан медонанд ва дар зоҳири аҳвол девонавор мегарданд. Маҷзубони исломии Ҳиндустон бошанд, ба равиши зиндагонии фақирони ҳинду (соҳибони маслаки фақирзам) тақлид карда зиндагонӣ менамуданд. Баъзеи онҳо муддатҳои дароз фақат ба нахуди хом қаноат карда, гурусна мегаштанд ва баъзешон тамоман бараҳна дар зери дарахте, ё дар вайронае мехобиданд. Ба зоҳири шариат амал накардани онҳо ба дараҷае буд, ки Шоҳфозил ном маҷзуб шароби хурмоиро аз ҳад зиёда менўшид ва назар ба нақли Бедил «сабўҳоро дар як маҷлис холӣ мекард» ва мухлисонаш барои ў аз шираи хурмо шароб тайёр карда ўро ба меҳмонӣ даъват мекарданд».
(Дафтари III, с.52-53)
Руҷўъ шавад ба акси саҳифаи марбута аз китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» ва дастнависи С. Айнӣ.
Ин ҷо як лаҳзаи дигар низ бояд зикр шавад: вақте ки ҷавоби домулло Айнӣ ба тақризи Главлит омода шуд, баъди баргаштани домуло Айнӣ аз Самарқанд ба Душанбе дар Бўстонсарои шаҳрии давлатӣ (дача), ки маҳалли асосии иқомати қиблагоҳӣ дар шаҳри Душанбе буд, он кас рафиқон Мирзо Турсунзода, Абдусаломи Деҳотӣ, Муҳаммадҷони Раҳимӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Ҳабибулло Неъматуллоев, Набиҷон Почоҷонов, Ҳабиб Аҳрорӣ, Мирако Нурматов (директори Нашриёти Давлатии Тоҷикистон), Алоуддин Баҳо ваддинов ва чанд нафари дигарро даъват карда тақризи Главлитро ва ҷавоби худашонро аз оғоз то поён хононданд. Ин амалро он замон «читкаи коллективӣ» мегуфтанд…
Вале мутолиаи китоб барои ман ошкор сохт, ки Главлит ба тарзи худсарона чанд боби муҳимми китобро кўтоҳ кардааст.
Аммо дигар китоби пурарзиши домулло Айнӣ – «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» мутаассифона дар замони зиндагии муаллиф чоп нашуд, зеро ба ин китоб ҳам тамғаи бадбинона гузошта шуда буд. Ин китоб фақат пас аз 10 соли, мешавад гуфт зиндонӣ шуданаш, яъне соли 1956, бо кўшиши нависандаи ин сутур ва тай кардани мумонаатҳое, ки барои Восифӣ низ сохта буданд, интишор дода шуд. Корҳои «лозимаи» барои «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» асосан иборат буд аз кўтоҳ кардани баъзе қисматҳои барои замон «ноқобил» ва аз назари коргардонони сиёсии эҳтиёткораш «хатарноки»
он асар. Ба сурати комил ва пуррагӣ «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»- ро низ фақат пас аз 30 соли зиндонӣ шуданаш, яъне соли 1977 интишор дода тавонистем (С.Айнӣ, Куллиёт, ҷ.13, Душанбе, Ирфон, 1977).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё