Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инак, дар зер ҷавоби домулло Айнӣ ба тақризи Главлит ба китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» ба хонанда тақдим мешавад. Дар вақти мутолиа хоҳем дид, ки домулло Айнӣ ҳарчанд ҷавобашонро ба зудии зуд ва аз ёд, бе ин ки ба дастнависи китоб муроҷиат кунанд, навиштаанд, фикру андешаҳо ҳама қавӣ, мантиқӣ ва фошкунандаанд. Назарашонро бо забони тақрибан гуфтугўии ба худашон хос баён кардаанд, зеро ҳадафи иншо ҳеҷ гоҳ нашри он набуд. Дар ҷавоб истилоҳоте ба кор бурда шудааст, ки созмонҳои расмии он замон он равияро талаб мекарданд ва дар тақризи Главлит низ ин сабки истилоҳсозии замон риоя шуда буд. Ва ниҳоят, бояд гуфт, ки ҷавоби домулло Айнӣ ба тақризи Главлит як санади возеҳи раднашаванда, як шоҳиди собит шудаи сабки корбарӣ ва коргузории системаи фармонфармоӣ аст, ки фаъолияти мансабдорони замоне, ки хоҳанд ё нахоҳанд, маҷбур буданд, дастурҳо ва фармонҳои давлатдории худписандонаи замонро риоя ва иҷро кунанд, фошофош намоиш медиҳад. Ба ин ҷиҳат, бо назардошти гуфтаҳои боло навиштаи домулло Айниро ба хонанда пешкаш намудем.

мулоҳизаҳои муаллифи китоби «мирзо абдулқодири Бедил»
дар бораи «ретсензия»-е, ки ба китоб аз ҷониби рафиқ
2 муллоҷонов дода шудааст Муаллифи «Ретсензия» хато ва камбудиҳои китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил»-ро ба ҳашт модда тақсим кардааст:

  1. Мазмуни хатоҳое, ки дар моддаи якум карда шудааст, мухтасаран ин аст, ки муаллифи китоби мазкур гўё одатҳои динӣ ва феодалии халқҳои Ҳиндустонро таъриф ва тавсиф намуда «идеализатсия» кардааст.
    Ин даъвои ретсензиянавис тамоман беасос буда, он тексте, ки дар мақоми далел ба тарзи ситат аз китоби мазкур гирифта шудааст, ин муддаоро исбот намуданд. Бедил дар ҳамин маврид гуфтааст, ки (мазмунан) одат дар табиати одамӣ рафта-рафта чунон ҷойгир мешавад, ки бартараф кардани он душвор мегардад.
    Мисолҳое, ки дар китоб аз худи Бедил ва аз таърихи Ҳиндустон оварда шудаанд, барои исботи ҳамин даъвои Бедил аст. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна идеализатсия нест.
    Ретсензиянавис дар роҳи хатои муаллифи китобро исбот кардан мегўяд, ки (мазмунан) ин одат дар халқи скиф ҳам буд.
    Мумкин аст, ки боз дар халқҳои дигар ҳам бошад, аммо муаллифи китоб дар ўҳда нагирифтааст, ки ҳамаи одатҳои ҳамаи халқҳои гузаштаи дунёро баён намояд ва ин мумкин ҳам нест.
  2. Чизе, ки дар моддаи дувуми хатоҳо нишон дода шудааст, тамоман бемантиқ аст, зеро ба мудофиаи як мамлакат дахли асосӣ доштани вазъияти ҷуғрофии он мамлакат, ба сабаби аз берун хавфи ҳуҷум ҳис накардан варзишҳои ҳарбӣ надида танпарвар шуда мондани аҳолии як мамлакат чизҳоеанд, ки касе инкор карда наметавонад… Бинобар ин бо навиштани ин гуна фактҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ муаллиф гунаҳгор намешавад. Аммо аз ин фиқра ҳамин натиҷаро баровардан, ки гўё муаллиф бо навиштани ин «халқи озодидўсти Ҳиндустонро таҳқир карда» бошад, тамоман бемантиқ аст. Инчунин қиёс кардани мамлакати Ҳиндустон, ки дар паси кўҳҳои баланд ва дар иҳотаи дарёҳо – баҳрҳо аст, ба мамлакати Русияи пештара, ки дар майдони беиҳотаи мусаттаҳ воқеъ шудааст, низ бемантиқ аст…
пешина
аз 235
навбатӣ