Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
2 марти соли 1925 дар рўзномаи «Овози тоҷик» номаи С.Айнӣ бо унвони «Ба ошиқони адабиёти тоҷик муроҷиат» интишор дода шуд, ки бо он кори бузурги таҳқиқ ва таҳияи нахустин асари илмӣ-адабшиносии навини мо «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз ёфтааст. Маълум аст, ки асар ба нафъи давлати навбунёди тоҷикон равона шуда, барои бедорӣ ва худшиносии мардуми мо хеле муассир гардид. Ба илова вай мероси бузурги гузаштагони миллати тоҷикро ба хидмати навбунёдони тамаддуни замон гузошт.
«Намунаи адабиёти тоҷик» ба зудӣ шўҳрат пайдо кард. Барои ин асар устод Абулқосим Лоҳутӣ – шоири инқилобии Шарқ ва яке аз асосгузорони назми нави тоҷик муқаддима наишта аз ҷумла дар бораи Садриддин Айнӣ
2 чунин изҳор кардааст:
«Ман бо ин ном аз дере ошно будам. Тасвири ин ном ба фаврият як шахсро ба назари ман меоварда, ки аз оғози ҷавонӣ дар ин муҳити зулму ҷавр дар роҳи озодии халқ хидмат карда, бар зидди истибдод ҷасурона мубориза намуда. Бародари фозили худро шаҳид дода…
Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили мўҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае бар даст дошт, ки менавишт. Ин ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд».
Ва боз дар бораи аҳамияти «Намунаи адабиёти тоҷик» устод Лоҳутӣ навиштааст:
«Ба фикри ман «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон аст… Адабиёти имрўзаи тоҷикон чун гулистонест, ки солҳои дароз посбонӣ надида ва обёрӣ нашуда ва мўҳтоҷи ороиш ва пироиши бисёре аст.
Ман яқин дорам, – давом медиҳад Абулқосим Лоҳутӣ, – ки устоди мўҳтарам дар миёни ҷавонони наврас ва самимии тоҷик тўдаҳои адабӣ ташкил дода ва барои тавҳиди усули адабии забони форсӣ пояҳои маҳкаме усутвор хоҳад кард».
Ин асари Садриддин Айнӣ ба Москва расид ва соли 1926 дар нашриёти Марказии халқҳои Иттиҳоди ҷамоҳири шўравӣ интишор ёфт ва ба сайри кишвари дилҳои мухлисони шеъри зебои мо ба роҳ даромад ва писанди аҳли илму адаб қарор гирифт. Дар мамлакати мо шарқшиносони шўравӣ ва аҳли адаб ин асарро аз ҳуҷумҳо ва муаллифи онро аз бўҳтонҳои бешарафона дафоъ мекарданд. Ин гурўҳро устод Абулқосим Лоҳутӣ, А.Знаменский (намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шўравӣ, дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдуқодир Муҳиддинов (нозири маорифи Тоҷикистон) ва зиёиёни пешқадами тоҷик сардорӣ мекарданд.
«Намунаи адабиёти тоҷик» ба зудӣ мавриди таваҷҷўҳи аҳли илму адаби мамолики хориҷӣ низ қарор гирифт. Яке аз онҳо адиб ва донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ буд, ки аввалин тақриз ба дифои ин китоб ба қалами ў нигошта шуд ва дар рўзномаи «Шафақи сурх» шумораи 699, 28 шаъбони соли 1341 ҳиҷрии қамарӣ (баробари 3 марти соли 1926) милодӣ дарҷ гардид.
Устод Саид Нафисӣ, дар бораи С.Айнӣ ва асари ў баъдтар боз чунин қайд кардааст: «Ман муддатҳо пеш аз он, ки бо Садриддин Айнӣ мулоқот кунам, бо осори ў ошно будам. Аввалин китоби ў, ки ба дастам афтод, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» буд. Беш аз ҳама он фасли китоб таваҷҷўҳи маро ҷалб карда буд, ки ба шуарои Осиёи Миёна дар давраи баъд аз Темур ихтисос дошт, зеро мо дар Эрон дар бораи шуарои ин давра кўчактарин иттилое надоштем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё