Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
«Намунаи адабиёти тоҷик» дар Эронзамин мухлисони зиёде пайдо кард ва мусаннифи он – Садриддин Айнӣ шўҳрати тозае ба даст овард.
Устод Абулқосим Лоҳутӣ ба ин гуфтаҳо шаҳодат дода 4 декабри соли 1927 дар номаи худ ба Садриддин Айнӣ навишта буд:
«Намояндагони Эрон, мудирони рўзномаҳо ва вакилони маҷлис, ки омада буданд, беандоза аз нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» хурсанд буданд ва борҳо дар хусуси… ин китоб ва хидматҳои Шумо дар тараққии адабиёти тоҷик сўҳбат карданд. Мегуфтанд, ки ҳама кас дар Эрон орзуи дидани ин
4 китобро доранд».
Асарҳои бадеӣ ва илмии Садриддин Айнӣ паси ҳамдигар ба мамолики хориҷии ҳамҷавор бо воситаҳои гуногун роҳ пайдо кардан гирифтанд.
Устод Саид Нафисӣ бо осори илмии Садриддин Айнӣ бо таваҷҷўҳ ва шавқи фаровон ошноӣ пайдо кард. Ин ошноӣ дар заминаи тадқиқоти рўдакишиносии ин ду адиб ба амал омад. Саид Нафисӣ воқеаро чунин баён кардааст:
«Дар ҳамон замонҳо даст ба таълифи китоби худ дар бораи Рўдакӣ задам ва аз дўстоне, ки дар Иттифоқи ҷамоҳири шўравии сусиолистӣ дорам, хостгор шудам, он чи дар ин замина омода шудааст, барои ман фиристонанд. Китоби кўчаке дар барои Рўдакиро, ки Садриддин Айнӣ ба хатти лотин чоп карда буд, бароям фиристоданд. Матолиби тозаеро, ки дар он китоб ёфтам, дар китобе, ки дар бораи Рўдакӣ навиштам, овардам. Аз он рўз пайванди рўҳонии ман бо Садриддин Айнӣ, ки ҳанўз ба дидораш комёб нашуда будам, беш аз пеш барқарор шуд. Тадриҷан китобҳои дигари ў дар бораи Ибни Сино ва Саъдӣ ба дастам афтод ва дигар Садриддин Айнӣ аз ошноёни дерини ман шуда буд. Чӣ басо аз мардони бузург, ки нодида ва ношинохта ба мо чунон унси маънавӣ
5 мегиранд, ки гўё солҳо бо эшон нишасту бархост доштаем».
Ин ҷо бояд гуфта шавад, ки натиҷаи тадқиқоти Садриддин Айнӣ дар
6 бораи устод Рўдакӣ асосан дар мақолаи «Қабри устод Рўдакӣ» инъикос гардидааст. Аммо азбаски кашфиёти Садриддин Айнӣ дар бобати қабри устод Рўдакӣ на танҳо арзиши илмӣ, адабӣ, маданӣ-фарҳангӣ, балки арзиши миллӣ ва сиёсии бузург дошт ва дорад, дар ҳамон солҳо идораҳои махсуси давлатӣ ба вай муроҷиат карданд, ки мақолае дар бобати кашфиёташ навишта диҳад, ки
7 дар матбуоти Эрон чоп гардад. Садриддин Айнӣ ин супориши давлатро бо як ҳисси ифтихор анҷом дода мақолаи мазкурро бо унвони «Ҷои таваллуд, вафот ва турбати устод Рўдакӣ» навишта соли 1943 ба шахси масъул, ки ҳоло номаш ва вазифаи расмиаш ба мо маълум нест, навишта буд:
«Рафиқ…
Мувофиқи хоҳишатон, ки шумо дар Исталинобод аз ман карда будед, дар бораи деҳаи Рўдакӣ ва қабри Рўдакӣ, ки бо кўшиши ман ёфт шуда буд, барои
8 рўзномаи Эрон мақолае навишта фиристодам…» Аз ин нома ва навиштаи болоии Саид Нафисӣ хуб пайдост, ки ду донишманди ду кишвари форсизабон
– Саид Нафисӣ ва Садриддин Айнӣ, ҳарчанд он гоҳ ҳанўз бо ҳамдигар равобити шахсӣ надоштанд, мешавад гуфт, ки байни онҳо ҳамкории илмӣ шурўъ шуда буд ва хело ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки ин рабитаи илмӣ дар заминаи осори бунёдгузори адабиёти классики форс-тоҷик – устоди суханварон Абўабдулло Рўдакӣ ба майдон омада буд. Аммо шиносоии ҳузурии Саид Нафисӣ бо Садриддин Айнӣ баъдтар ба амал омад. Ҷумҳурии Ўзбекистон бистумин солгарди бунёди давлати худро ҷашн мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё