Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Муҳим он аст, ки дар он китоб матни комили Эъломияи мазбури Куруши Бузург ба забони форсӣ омадаст ва гумон меравад, ки шояд яке аз аввалин нашрҳои маншури зикрёфта ба забони форсӣ буда бошад. Ба ҳар ҳол эъломияи Куруши Бузург пас аз нашри мазбур (соли 1341) дар китоби донишманди бостоншиноси эронӣ Алии Сомӣ ба табъ расида (соли 1343-1964 милодӣ) баъдан дар ҷузваи хоса ба муносибати 2500 солагии давлатдории Эрон (соли 1971) интишор гардидааст. Иқтибоси зайл-матни эъломияи Куруши Бузург дар боби ҳуқуқи башар мебошад: «Манам Куруш – шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи нирўманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Кабуҷия
– шоҳи бузург, наводаи Куруш – шоҳи бузург, аз шохаи салтанати Абадӣ, ки салтанаташ мавриди меҳри худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст.
Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро бо шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул бар сарири салтанат нишастам. «Мардук» – худои Бобул, дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ўро мўҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединон ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ як аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Кабуҷия ва тамомии лашкари ман аз роҳи иноят баракоти худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар корҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи поин… ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар поҳои ман бўса заданд.
Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳама сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷоҳои худ баргардонам, то ҳамеша дар ҳамон ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки Шодии дил ном дорад, боз
38 гардондам. Сулҳу оромишро ба тамомии мардум ато кардам».
Матни эъломияи Куруши Бузург дар боби «Ҳуқуқи башар» – «Манифести Ку руши II», ки дар фавқ мутолиа шуд, мақоми давлатдорӣ, сиёсатмадорӣ, башар дўстӣ ва ҳамчунин раҳму шафқатеро, ки ин сарвари кишваркушо дар қалби фарохи хеш дошта, ба гунаи равшан ва аён намоиш медиҳад. Бояд гуфт, ки баъзе аз муар рихин кўшидаанд, ки дар рўбарўи пайкараи тасаввурии барҷастаи Куруши Бузург мусибатҳое, ки дар ҷанги байни давлатҳо, миллатҳо, қавмҳо, маҳалҳо ва исёнҳову шўришҳо ва ғайра ба сарудўши мардумон меоварад, таъкид кунанд ва онҳоро ба гунаи вижа тавзеҳ диҳанд. Бархе аз муаррихин саъй намудаанд, ки ин гуна бадбахтиҳо ва офатҳои замонро ба мақсади наҳ задан ва коҳиш додани ҷилои сиёсати Куруши Бузург ба намоиш оранд.
Чӣ бояд гуфт?
– Фақат ду байт аз навиштаи бузургонро зикр мекунам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё