Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ҳарчанд футўҳоти Куруши Бузург дар ин китоб нисбатан муфассал ва бо ниҳояти донистани манобеи таърихӣ ва адабиёти илмии гузашта ва имрўза ба кулли забонҳои роиҷ дар илми таъ рих-
30 шиносӣ баён гардидааст.
Чунон ки дар фавқ зикр шуд, матлаби зикрёфтаи амалиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Куруши Бузург ба гунаи хулоса дар китоби «Тоҷикон»-
31 и Бобоҷон Ғафуров баён гардидааст. Гумон дорем, ки ин ҷуръати муаллиф ва муҳаррири масъул, дар замоне ба амал омадааст, ки эшон мақоми волоро дар кулли дастгоҳҳои ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ соҳиб гардида буданд, шахси вафодори сиёсати шўравӣ маҳсуб мегардиданд ва ба эшон ҳар сиёсатмадоре имкон надошт, ки эроде бигирад, ҳатто агар матлаб матлаби илмӣ буда бошад. Бо ҳама ин вазъ ва мақоми сиёсии волои муаллиф, дар натиҷагирӣ дар боби матолиби боло бо такя ба таъкид ва андешаронии муаррихи мусаллами бостоншинос М.М.Дяконов, дар китоби «Тоҷикон» чунин омадааст.
«Чунон ки М.М.Дяконов менависад: «Куруш яке аз барҷастатарин симоҳои таърихи қадим буд. «Ин бешубҳа, ҳақ аст, зеро Куруш дар фаъолияти худ ҳамчун ифодакунандаи бисёр тамоюлҳои пешқадами замони худ баромад
32 мекард».
Зимнан ишора мекунем, ки дар «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» иттилооти мухтасаре аз рўзгор, кирдор ва давлатдории «Куруши Хурд» ва «Куруши Кабир» омадааст. Вале мисли ҳамаи мақолоти мунташираи 8 ҷилди ин доиратулмаориф он ду навишта низ холӣ аз нақши сиёсати замон нест. Ба ҳамин ҷиҳат «Эъломияи ҳуқуқи башар» ин ҷо низ мавриди зикр ва баррасӣ қарор
33 на гирифтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар бораи Куруши Бузург афсонаҳои зиёде дар навиштаҳои таърих низ мавҷуданд. Баъзе аз он ривоятҳоро Ҳеродот нақл намудааст. Чанд достоне аз он афсонаҳо дар китоби Ричард Фрай «Мероси
34 бостонии Эрон» таҳлил ва баррасӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин таҳқиқоти пурарзиш, ки ба забонҳои англисӣ, русӣ ва форсӣ интишор ёфта, дигар матолибе аз футўҳоти Куруш ва порсиён ва ғайра мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтааст.
Ривоёт ва афсонаҳои мазбур аз ҷониби И.В.Пянков дар асоси манобеи аслии бостонӣ низ баррасӣ гардида, хулосаи дақиқи илмии воқеии он дар мақолааш «Ташкили давлати Ҳахоманишҳо ба шаҳодати манобеи бостонӣ» баён шу-
35 дааст.
Ва аммо дар боби «Маншури Куруши Бузург» бояд таъкид шавад, ки ба қавли кулли муҳаққиқини осори бостонии эрониён он катиба, ки дар Бобул содир гардида буд, нахустин ва муҳимтарин ва волотарин катибаҳои маъруф мебошад, ки ба номи «Устувонаи Куруш» шўҳрат дорад. Ин эъломияустувонаи Куруш аз гили нимпухта дар соли 1878 милодӣ аз харобаҳои Бобул ба даст омада ва ҳоло дар музеи Британия нигоҳдорӣ мешавад. Матни эъломия ё баёния, ё Маншури Куруши Бузург ба забони бобулӣ-забон ва хатти байналмилалии он замон нигошта шудааст. «Ин баёния, навистааст Алии Сомӣ, ба манзалаи нахустин эъломияи ҳуқуқи башарӣ аст, ки аз тарафи як фотеҳи башардўст ва додгустар иншо ёфта ва дар он аз ҳифзи ҳуқуқ ва дороии
36 ашхос ва ақвом ва эҳтиром ба сунан ва одоб ва мазоҳиб сухан гуфта шудааст».
Дар ин маврид мешавад илова кард, ки арзиш ва мақоми фаъолияти Куруши Бузург ва Эъломияи ҳуқуқи башари вай дар китоби «Таърихи баргузидагон ва иддае аз машоҳири Эрон ва Араб» низ ба тарзи хоса омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё