Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воқеан қобили тааммул ва андешаест, ки назарияи интиқолии забони порсии дарӣ аз ҷануб ба шимол пояи таърихӣ надорад, яъне ҳеҷ гуна санаде ва мадорике дар ихтиёр нест, ки он хулосабарорӣ ва натиҷагирии қотеонаро тасдиқ карда тавонад. Ба ҳамин ҷиҳат муаллифи мазбур Ризои Зумуррадиён ҳақ дорад чанд суоли мантиқӣ ба миён орад ва пасон худ ба онҳо ҷавобҳои комилан табиӣ ва мантиқии саҳеҳ бидиҳад.
Вай нигоштааст:
«Пурсише, ки дар ин ҷо пеш меояд, ин аст, ки дар чӣ замоне ин интиқол сурат гирифт, дар давраи Сосониён ё пас аз ҳамлаи араб? Медонем, ки дар давраи Сосониён васоил ва имконоте, ки битавонанд ноқили забон ё лаҳҷае бошанд, вуҷуд надоштааст. Иддаи бисёр каме аз мардум хондан ва навиштан медонистанд. Касоне ҳам, ки аз маркази ҳукумат ба Машриқ аз шимоли шарқӣ меомаданд ё коргузорони давлатӣ буданд ва ё лашкариён. Коргузорони давлатӣ ғолибан камтар бо тўдаи мардум дар тамос буданд. Лашкариён ҳам, ки ба муносибати шуғлашон бо мардум дар иртибот буданд, ногузир буданд барои баровардани ниёзҳои худ, забони маҳаллиро ёд бигиранд (ки албатта ихтилоф миёни лаҳҷаи мардуми Форс ва лаҳҷаи мардуми Машриқ бештар ихтилофи вожагонӣ буд на сохторӣ). Бинобар ин ба ҷои ин ки лаҳҷаи мардуми Форс дар Машриқи Эрон ривоҷ пайдо бикунад, ин форсиён буданд, ки лаҳҷаи мардуми Машриқро ёд мегирифтанд. Пас аз фирори Яздигирд ҳам, бо иддае аз ҳамроҳонаш ба Машриқи Эрон омада, ҳамин фароянд метавониста такрор шавад.
Дар давраи пас аз ҳамлаи араб ҳам коргузорони давлатӣ ва лашкариён ё араб буданд ва ё эронӣ, ки ба забони арабӣ сухан мегуфтанд ва мусалламан дар ишоаи забони арабӣ мекўшиданду на лаҳҷаи форсӣ; пас лаҳҷаи форсӣ аз чӣ роҳе метавонист дар Машриқ ва шимоли шарқии Эрон нуфуз кунад. Ин ки дида мешавад дар порсии дарӣ вожаҳои портӣ ва суғдӣ ва … вуҷуд дорад, ба ин иллат аст, ки дар Машриқи Эрон чандин забон ва лаҳҷа вуҷуд доштааст, ки
13 забони порсии дарӣ яке аз онҳо будааст…»
Бояд гуфт, ки ин ақида бо мақолаи оқои Катоюни Муродипур «Нақши эроншиносӣ дар шинохти пайванди адаби куҳани Эрон ва адаби форсӣ», ки дар он мавзўи пайванди забон ва адаби паҳлавӣ ва форсии дарӣ низ баррасӣ шуда, комилан ҳамоҳангӣ дорад» (Маҷмўаи мақолоти анҷуманвораи баррасии масоили эроншиносӣ, бо кўшиши Алии Мусавии Гарморудӣ, Теҳрон, 1369, с.332-354).
Дўсти гиромии ман устод Алии Равоқӣ дар пажўҳиши пурмояи хеш бар «Қуръони Қудс – куҳантарин баргардони Қуръон ба форсӣ» навиштаанд:
«Забоне, ки дар миёни мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр ривоҷ дошта, форсии дарӣ ё дарӣ номида шудааст ва осори куҳани форсӣ аз Рўдакӣ гирифта то тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» ва ашъор ва навиштаҳое медонанд ба забони форсии дарӣ. Ва чун ин осор бештар дар Хуросони бузург ва ба забони мардуми он сомон навишта мешуда, забон ва тарзи навиштани онҳо ба шеваи
14 хуросонӣ шўҳрат ёфтааст».
Зимнан шитоб дорам ба арз бирасонам, ки ин нашри воломақомонае, ки ба унвони «Қуръони Остони Қудс» ба табъ расида, бо тамоми оростагӣ ва пиростагӣ анҷом ёфтааст. Ҳамчунин мустанади ин нашри маҷид бо пешгуфтори дақиқи мустанади устод Алии Равоқӣ муҷаҳҳаз аст, ки дар он андешаҳои бархе донишмандони мусаллами рўз низ дар назар гирифта шудааст. Ва метавон гуфт, ки тарзи баён ва шеваи нигориши пажўҳишгари доно ва хушсалиқа забони асили форсию хуросонии гузаштагон ё порсии дарии Варорўдро ба ёд меорад.

пешина
аз 235
навбатӣ