Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо таърифи форсии дарӣ чунин омада:
«Форсии дарӣ… – форсии ҷадид, забони эроние баъд аз ислом ривоҷ ёфт ва забони расмӣ ва адабӣ гардид (дар аҳди Сомониён – К.А.). Порсии нав забони шаҳрҳои шарқӣ ва тоҷикони Эрони Ховарӣ, Афғонистон, Помир ва Туркистон аст. Порсии нав лаҳҷае буд, ки бар тибқи мабонии бисёр қадим бо лаҳҷаҳои дигар ихтилот ёфт. Ин ихтилот қаблан дар асри Сосонӣ ҳам сурат гирифта буд… Дарӣ-луғати порсии бостонӣ аст ва онро баъзе ба фасеҳ таъбир кардаанд ва ҳар луғате, ки дар он нуқсоне набошад, дарӣ гўянд... Ва ҷамъе гўянд: луғати сокинони чанд шаҳр будааст, ки он Балх ва Бухоро ва Бадахшон ва Марв аст ва баъзе гўянд, ки дарӣ забони аҳли биҳишт мебошад. Ва тоифае бар онанд, ки мардумони даргоҳи Каён бад-он мутакаллим мешудаанд. Ва гурўҳе гўянд, ки дар замони Баҳмани Исфандиёр, чун мардум аз атроф намефаҳмиданд, Баҳман фармуд то донишмандон забони форсиро вазъ карданд ва онро дарӣ
15 ном ниҳоданд, яъне забоне, ки ба даргоҳи подшоҳон такаллум кунанд».
Андешаи боло дар бораи форсии дарсӣ (порсии дарӣ) мабнист бар гуфтаҳои Ибни Муқаффаъ, Ҳамза ва Хоразмӣ, ҳамчунон «Бурҳони қотеъ», ки дар муқаддимаи он ба қалами устод Муҳаммад Муин баён гардидааст. Ва шоистаи таъкид аст, ки дар ин мақола сухан аз интиқоли забони дарӣ аз ҷануб ба шимол нарафта. Бар яке мавҷуд ва роиҷ будани ин забон дар минтақаи Хуросони бузург замони қабл аз тасарруфи аъроб эътироф шудааст (Балху Бухоро ва Бадахшону Марв). Ба гунаи куллӣ ёдовар шудан баҷост, ки дар мавзўи сарнавишти забони порсии дарӣ адабиёти зиёде (касире) вуҷуд дорад ва он дар кутуб ва мақолоти гуногуни илмӣ ва рўзноманигории Эронзамин ва дигар кишварҳо ба табъ расидаанд. Муҳимтарини аз он навиштаҳоро донишманди мўҳтарам устод Алии Равоқӣ дар пешгуфтори «Қуръони Қудс» овардаанд ва барои мақолаи кунунии мо руҷўъ ба ҳамаи онҳо аз имкон берун аст. Гунае, ки дар боло гуфта шуд, устод Маликушшуаро Баҳор нигошта буд, ки «модар ва решаи луғати имрўзаи Эрон ҳамон луғати Мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо арабӣ махлут шуда…»
Пас комилан табиист, ки забони порсии Мовароуннаҳрӣ (= порсии дарии тоҷикӣ) хусусиёти луғавӣ ва вижагиҳои вожаҳои ин минтақаро дар тўли ҳазору анд сол дар хазинаи лафзии хеш то ин замон нигоҳ дошта, ки баъзан дар забони суханварони ҷануби эронӣ мушоҳида намешаванд. Боз як бори дигар мехоҳем таъкид бикунем, ки аллома Маликушшуаро Баҳор фармуда, чунон зикр шуд, ки «Модар ва решаи луғати имрўзаи Эрон ҳамон луғати Мовароуннаҳрӣ
16 будааст». Ин назар бо ақидаи Садриддин Айнӣ, Саиди Нафисӣ, Евгений Бертелс ва чанде дигар тавъам буда мавқеъ ва мақоми порсии варорўдиро, порсии Мовароуннаҳриро, ё порсии дариро ва ё ба истилоҳи имрўз порсии дарии тоҷикиро дар рушди забони форсии соири кишварҳои форсизабон возеҳ сохта арзишҳои онро барои бункадаи забони мо аз замони Сомониён ба баъд намоиш дода метавонад.
Таъкиди ин матлаб ниҳоят муҳим аст, зеро то ба ҳол захоири луғавии порсии варорўдӣ ба гунаи бояду шояд баррасӣ нагардида, зеро, мутаассифона, захоири навиштаҷоти порсии варорўдӣ, яъне порсии тоҷикӣ, ба дастрасии аҳли адаб ва илм ба гунаи пурра ва комил ва ҳамаҷониба қарор нагирифтааст. Ба ин маврид шоиста аст ёдовар шуда бошем, ки дар Тоҷикистон соли 1969 милодӣ луғатномае бо унвони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (аз асри Х то ибтидои асри ХХ) иборат аз 2 ҷилд ба табъ расид, ки тақрибан 45000 калима ва ибораро бо иловаи мифтоҳи арабӣ дар бар дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё