Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ва имрўз китоби «Таҳлили ашъори Носири Хусрав» мутааллиқ ба қалами устод Маҳдии Муҳаққиқ, китоби комилан муҳаққиқона, барои мо як роҳнамои хубест, миръоти захоири луғавии суханвар ва мутафаккири бузург аст. Ин китоб барои эрониён аз назари донишманди варзидаи номбурда таълиф ёфт. Ба ҳамин далел дар ин ҷо вожаҳо ва ибороте дида мешаванд, ки вижаи порсии Варорўд ва Хуросонанд ва тавзеҳи устод Муҳаққиқ барои эрониёни замон мебошад.
Чунончи:
Шал – дасту пой монда (саҳ. 208)
Суфта – сухани тоза ва нав (саҳ.198) Жож – ҳарза ва ёва (саҳ. 191)
Жожидан – ёва гуфтан, ҳарзагўӣ кардан (саҳ. 192) Роҳӣ – роҳ раванда, мусофир (саҳ. 182) Ростин – мансуб ба рост, ҳақиқӣ ва воқеӣ (саҳ. 180) Деҳқон – муарраби деҳгон, кишоварз (саҳ. 179) Дўшо – ҳар чиз, ки онро медўшанд (саҳ. 178) Дўлоб – чарх ва он чи дар сайру давр бошад (саҳ. 178) ва ғ.
Ибораи тоҷикӣ: кор дўлоб шуд-ку? – ба маънои «кор хароб шуд».
Устоди фақид Саид Нафисӣ дар таҳқиқоти ҷомеи хеш дар «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ» замимае дорад бо унвони «Калимоти
25 маҳҷуру матрук», ки дар шеъри Рўдакӣ омадааст.
Ин замима қиёсан бо бархе аз луғоте, ки Садриддин Айнӣ барои
26 китоби «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў» (1934, 1940) овардааст, нишондиҳандаи он аст, ки кадом вожа ва чӣ ибороте аз осори боқимондаи Рўдакӣ барои забони форсии Эрон ва барои форсии тоҷикии имрўз хосанд ва чӣ луғоте ҳаст, ки барои ин ду минтақа сақил ва номафҳум.
Садриддин Айнӣ 54 вожаро ба гунаи намуна аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зикр намуда, ки дар замони ҳол барои забони форсии тоҷикӣ хос ва дар байни
27 мардум роиҷ аст, дар зайл оварда шуд.
Таҳқиқоти вожашиносон собит намудаанд, ки бархе аз суханони аз зеҳни мо дур, калимоте аз забони суғдӣ мебошад ва ин гуна баррасии вожашиносӣ дарки маъонии амиқи султони шоиронро осон месозад. Ин ҳам ногуфта намонад, ки бархе аз он суханони суғдибунёди Рўдакӣ барои осори суханварони баъдӣ низ хос буда, аз вижагиҳои маънавии забони порсии Варорўд, яъне порсии дарии тоҷикӣ ҳамвора дар мадори андешаи пажўҳишгарони эроншиносии ҷаҳон буда, дар навиштаҳои Розенберг (1921), Александр Фрейман (Нақши забони дарӣ дар забони суғдӣ, 1938), Ҳеннинг (1940), Гершевич (1954) ва дигарон дақиқан баррасӣ шудааст ва натиҷагириҳои ин пажўҳишҳоро бо иловаҳои баррасиҳои хеш донишманди мумтози забонҳои бостон Владимир Лившитс
28 дар таҳқиқоти хеш овардааст.
Чун сухан аз забонҳо ва лаҳҷаҳо рафт, лозим ба тазаккур аст, ки таҳ қиқоти лаҳҷашиносӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд анҷом ёфта, вале ҳамаи он ҳо вазъи кунунии лаҳҷаҳоеро сабт намудаанд. Мутаассифона, таҳқиқоти лаҳҷашиносонро зикр намуда наметавонем, ки вижагиҳо ва хусусияти лаҳҷаҳо дар қиёс ва иртибот бо забони осори хаттии мозӣ баррасӣ шуда бошанд. Дар Эрон барои мо ҷолибтарин китоби таҳқиқотӣ китоби «Ёддоште дар бораи
29 лаҳҷаҳои бухороӣ»-и устоди фақид Аҳмадалии Риҷоӣ аст. Зеро шавоҳиди баррасиҳои ин муаллиф то ҳадди имкон мабнист бар кутуби хаттии қарнҳои мозӣ. Ин таҳқиқоти муфассале, ки маҳз барои равшанӣ андохтан ба бархе аз вижагиҳои забони порсии варорўдӣ, яъне порсии дарии тоҷикӣ нигошта шуда, бахше (с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё