Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале дар аксар манотиқи Эронзамин забонҳои гуногуни маҳаллӣ ё аз гурўҳи забонҳои бегона дар амаланд. Аммо дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳама ҷо забони маҳаллӣ – лаҳҷа ва шеваи ҳамон забони ҳазорсолаи порсии дарии тоҷикӣ, баъзан дар вазъи хеле харобшуда ва шикаста фаъолият дорад. Ин вазъ дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад, илло Бадахшони Тоҷикистон, ки теъдоди зиёде аз забонҳои гурўҳи шарқии забонҳои эронианд ва дараи Яғноб аст, ки дар он маҳал забони яғнобӣлаҳҷаи боқимондаи забони суғдӣ мебошад. Донистани захоири луғавии мин тақаҳо, ноҳияҳо, гўишҳо ва шеваҳои забони порсии дарӣ (= тоҷикӣ) ниҳоят муҳим аст, бавижа барои баррасиҳои матншиносӣ ва дарки маъонии навиштаҳои муаллифони қарнҳои гуногуни гузашта. Ва чун имрўз собит шуда, ки маншаъ ва бункадаи забони порсии дарӣ минтақаи Мовароуннаҳр (Варорўд) ва Хуросон аст ва решаи забони форсии ҷаҳон дар ин сомон буда, захоири луғавии он арзиш ва аҳамияти вижаеро доро буда, барои равшанӣ андохтан ба бархе аз мушкилоти сабкӣ ва луғавии таълифоти куҳанбунёд ниҳоят муҳим аст. Чанд мисол аз ашъори волои Носири Бухороӣ — аз суханварони қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ (14 мелодӣ), муосири Хоҷу, Хоҷа Ҳофиз ва Салмони Соваҷӣ.
Девони ў бо муқаддима, шарҳи аҳвол ҳавоишии дукутур Маҳдии Дурахшон нахустин бор соли 1353 (1974) дар Теҳрон ба табъ расидааст. Носири Бухороӣ, ин шоири тавонои хушсалиқа ба қавли Маҳдии Дурахшон ғазалиёташро «ғолибан бо сабке ширин ва махсус ба худ сурудааст».
Барои мо, имрўз муҳимму ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки дар сурудаҳои Носири Бухороӣ вижагиҳои лаҳҷаи бухороӣ – забони порсии варорўдӣ ба гунаи фаровон ва мушаххас дида мешавад. Ва шояд ишора ба ҳамин ҷиҳати забон ва сабки шеърии ў буда бошад, ки худ мегўяд:

Сухани нодири ман гарчи аҷаб меояд,
Накунӣ айб, ки ман нодираи айёмам.
(Девони ашъори Носири Бухороӣ, с.83).

Чунончи, панҷ байт аз 5 ғазали Носири Бухороӣ:

Гуфтам, ки рухат бинмо дар хоб ба муштоқон,
Гуфто, ки дигар як кас аз хоб «набархезад».

Сояи зулфи ту кардӣ рўи оламро сиёҳ,
Гар «набаркардӣ» рухат дар зери ҳар мўи ту шамъ

То чӣ савдо сари гесуи ту дар сар дорад.
К-аз сари дўши ту сар ҳеҷ намебардорад

Қаде чун сарвинозу рух ба шакли арғувон дорӣ,
Ба теғ аз ту «набаргардам», ки рўи дилситон дорӣ.

Носиро гар сари ту бардоранд,
Сар аз он остин набардорӣ.
(Девони ашъори Носири Бухороӣ, с.90).

пешина
аз 235
навбатӣ