Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То ба чашмам намуд, мегуфтам:
Сарви дар ҷўйборро монад.

Ё масали халқ: «Дидӣ, ки нашуд, мон ки равад» (= Бигзор ки биравад) «Пиёларо бар рўи чорпоя монда рафт (= гузошта).
Дар баёни матлаби кунунӣ мехоҳем боз ёдовар шавем, ки агар мо аз назари вижагиҳои варорўдӣ, ё порсии дарии тоҷикӣ ба гуфтаҳои Носири Хусрав дар бораи Қатрони Табрезӣ муроҷиат бикунем, метавонем натиҷагирӣ бикунем ва ба хулосае оем, ки ҳеҷ гуна боиси тааҷҷуб нест, ки суханвари номии Табрезӣ (Қатрон) аз хусусиёт ва вижагии забони порсии варорўдӣ огоҳии комил надошта ва ба ҳамин ҷиҳат Носири Хусрави Қубодиёнии варорўдӣ дар ин бора дар «Сафарнома»-и хеш ишорае намудааст.
Гунае ки дида шуд, порсии варорўдӣ ё порсии мовароуннаҳрӣ ё порсии дарии тоҷикӣ, зодаи минтақаи Варорўд (Мовароуннаҳр) ва Хуросон буда, дар тўли бештар аз ҳазор сол вижагиҳои хешро гум накардааст. Ин вижагиҳо нахуст дар луғат ва вожаҳои асили порсии дарии тоҷикӣ нақш баста дар осори хаттии суханварони ин сомон дида мешаванд. Бархе аз иборот ва вожаҳое, ки вижаи манотиқи фарҳангии Варорўд ва Хуросонанд, барои навиштаҷоти манотиқи фарҳангии марказ, ҷануб ва ғарби Эрон ноошно мондаанд. Аммо ин иборот ва вожаҳои варорўдӣ имрўз дар байни тоҷикон роиҷанд. Медонем, ки вожаҳои шеваҳо ва лаҳҷаҳои манотиқи марказ, ҷануб ва ғарби Эрон, ҳамчунин фарҳанги омиёна аз сурудаҳои шеърӣ, афсонаҳо, масал ва ибороти вижаи маҳалҳо сар карда, то ойинҳои кишоварзӣ, косибон ва ғайра нақши хешро дар осори хаттии он сомон гузоштаанд. Барои ҳамин захираи луғавӣ ва хусусиёти маҳаллии марказҳои фарҳангии кулли Осиёи Марказӣ ва Эрон ва берун аз он барои нигоҳ доштан ва эҳёи асолати порсии дарӣ муҳимманд.
Ин махзани забон муҳим аст боз ба он ҷиҳат, ки пажўҳишҳои матншиносӣ бо донистани он ҳама зодаи шохаҳои забони порсии дарӣ сифатан ба пояи нав хоҳад расид. Гузашта аз ин, донистани одобу русуми манотиқи гуногуни форсизабонони ҷаҳон низ барои дарки дақиқи вожаҳои истилоҳи суннатӣ аҳамияти хос ва вижаро дорост. Дар ин боб силсила навиштаҳо ва ёддоштҳои донишмандон аллома Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор, Алиасғари Деҳхудо, Муҳаммади Қазвинӣ, Муҷтабо Минавӣ, Бадеуззамон Фурўзонфар, Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Муҳаммад Муин, Забеҳуллоҳи Сафо, Эҳсони Ёршотир, Парвиз Нотили Хонларӣ, Аҳмадалии Риҷоии Бухороӣ, Саидҷаъфари Шаҳидӣ ва соири донишмандони номӣ, ки дар Фарҳангистони забон ва адаби Эрон фаъолият доштанд ё имрўз доранд, ҳамчунин кутуб ва мақолоти касире (сершуморе) дар баррасии шинохти одоб ва русуми мардумӣ, ниҳоят муҳимманд. Онҳо, ин кутуб, ба теъдоди зиёд чи дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, чи дар кишварҳои Шарқу Ғарб, бавижа дар Русия ва дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар зарфи солиёни дароз интишор ёфтаанд.
Илова бар ин, дар асолати порсии варорўдӣ ё дарии тоҷикӣ бояд гуфта шавад, ки куҳантарин марокизи фарҳангии тоҷикон, талаффузи саҳеҳи вожагонро асосан нигоҳ доштаанд. Гумон меравад, ки ин талаффузи саҳеҳ бидуни тамоюли мухаффаф кардани вожаҳо дар тўли таърих дар луғатнома ва фарҳангҳо, ки барои соири кишварҳо (масалан, Ҳиндустон) тадвин шудаанд, низ бо воситаи ишораҳои ҳарака то андозае ҳифз шудаанд.

пешина
аз 235
навбатӣ