Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ва агар адабиёти дарӣ гўянд, имрўз ҳам фақат Афғонистонро дар назар доранд. Чунон ки медонем, дар ин мафоҳим нақши сиёсатҳо ва ҳадафҳои ихтилофовар ҳувайдост. Хилофи мантиқ будани тақсимбандиҳои истилоҳӣ то ҷое расида буд, ки масалан, ҳар гоҳе осори Аҳмад Махдуми Донишро ба хатти форсӣ чоп мекарданд мегуфтанд «на персидском языке» ва ё «форс тилида»
(ба забони форсӣ). Ва ҳангоме, ки ҳамин Аҳмад Махдуми Донишро ба хатти кунунии ҷумҳурӣ – кириллӣ интишор медодем, дар китобхонаҳо ба унвони «на таджикском» ё «тожик тилида» сабт мегардид. Аммо истилоҳи «форс-тоҷик»
ба ҳеҷ гоҳ ба иштибоҳ наёвардааст. Дар ин маврид муҳим он аст, ки ҳаққу ҳуқуқи халқи тоҷикро дар шароити ниҳоят душвори сиёсии 70-соли гузаштаи мо ин истилоҳ муҳофизат ва дифоъ кардааст.
Дар номаи устод Айнӣ аз «додани» адабиёти форсӣ ба «монополияи Эрон» сухан меравад. Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки дар ин маврид ҳадафи муаллиф саҳм ва ҳаққи тоҷикон дар бунёди он адаб аст, на мақсуди ҷудоӣ ва ихтилоф байни эрониёни имрўз ва тоҷикон будааст. Ва ниҳоят мехоҳем ишорат кунем, истилоҳи «форс-тоҷик», ки С.Айнӣ дар ҳамаи навиштаҳои хеш оварда мутадовил ва расмӣ кардааст, рафта-рафта дар илми адаб ва эроншиносии ҷаҳон низ истиқбол гардид ва аз тарафи Е.Э.Бертелс, А.А.Семёнов, А.Болдирев, И.С.Брагинский, М.Н.Османов, М.Занд, Саид Нафисӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Фурўзонфар Бадеуззамон (Эрон), Ян Рипка ва Иржи Бечка (Чехия) ва дигар ховаршиносони рус ва донишмандони хориҷӣ пазируфта шуд. Ин истилоҳ, ҳамчунин дар навиштаҳои бархе аз ховаршиносони Аврупо ва Амрико низ ба кор рафта расмият пайдо кард.
Ҳоло қабл аз овардани номаи таърихии устод Айнӣ аз поёни китоби эшон «Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ», ки бори аввал соли 1940 мелодӣ дар маҷаллаи «Шарқи сурх» дар Тоҷикистон чоп шудааст, иқтибос мекунем, ки ба ҳамин матлаб бевосита иртиботи қавӣ дорад: «Аммо худи Саъдӣ на ин ки аз шоири форс-тоҷик будан метарсад, балки «беибо ва нотарсона» худро тоҷик мешуморад. Сабаби ин дар он аст, ки ў дар миёнаи форс-тоҷик ҳеҷ фарқ намегузорад.
Чунончи ў дар як банди аз тарҷеъбандҳои худ, ки бо мисраи «Гуфтори хушу лабони борик» сар мешавад, баъд аз ба маҳбуб бо як-ду мисраи арабӣ «ту маро бо шамшер куштӣ» гўён хитоб карданд, менависад:
Аз баҳри худо, ки молики ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик
Шояд ки ба подшаҳ бигўянд:
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Барои мисол руҷўъ шавад ба «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (Сталинобод, 1940); «Антология таджикской поэзии» (М., 1951, 1957); «История таджикскоперсидской литературы» (Е.Э.Бертельс. М.,1957, 1960); «История персидской и таджикской литературы» (под.ред. Яна Рипки, перевод с чешкого, М., 1970); «Стиль персидско-таджикской поэзии IX-X вв.» (М.Н.Османов. М., 1974) ва ғайра.
Инак дар поён номаи устод С.Айнӣ оварда мешавад, ки 19 марти соли 1949 дар посухи номаи инҷониб иншо шудааст. Бахшҳои асосии номаи мазкур
8 апрели соли 1949 дар ҷаласаи вижаи кулли кишварҳои Иттиҳоди Шўравии собиқ дар Институти Академияи Улуми Иттиҳоди Шўравии собиқ дар шаҳри Санкт-Петебург (Ленинград), ки ба мавзўи «космополитизм ва саҳмбандии мероси фарҳангӣ» бахшида шуда, таҳти раёсати донишманди ҷаҳонӣ устод В.В.Струве баргузор гардида буд, ба манзури дифои ҳаққу ҳуқуқи комили таърихии тоҷикон дар фарҳанги гузаштаи Осиёи Марказӣ қироат шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё