Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Нимаи он 50 фоизе, ки аз китобҳои луғат гирифта шуд, барои фаҳмида хондани адабиёти классикии тоҷик ба ҷавонон лозим буда, нимаи дигараш ҳамафаҳм аст, ки дар забони адабии тоҷик кор фармуда мешавад.
Чунон ки дар мактуби пештараам навишта будам, кори муҳимми ин луғат бо асоси лотинӣ ба карточка (барг) гузаронидан аст. Ин корро ман танҳо наметавонам ва бе ман ҳам намешавад.
Дар ин бора ман фикр мекунам: агар Тоҷгиз (Нашр. Давл. Тоҷ.) ба Абдушукур дар ҳамин наздикиҳо отпуск дода, ба Самарқанд фиристонад, дар ин ҷо дар таҳти назорати худам ин корро тамом мекунад…
Агар ба ин кор фармудани Абдушукур мумкин нашавад, мумкин аст, ки аз Аҳрорӣ истифода карда шавад. Аҳрорӣ дар сари июл хонданашро тамом карда, дар айёми таътил дар Самарқанд ё дар Сталинобод мешавад… Ба зудӣ ҷавоб доданатонро мунтазирам. («Садои Шарқ», 1986, №4).
Ба ҳамин тариқ, чун нусхаи комили луғати тоҷикии устод Айниро то имрўз дар даст надорем, дақиқан маълум нест, ки пас аз таҳрири охирин муаллиф ба луғаташ чӣ ном гузошта бошад. Фақат дар яке аз варақҳои мусаввада, ки дар архиви ў боқӣ мондааст, асар «Луғати нимтафсили тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» номида шудааст. Ба ҳамин сабаб ин асари пурарзиш, ки барои омўхтани адабиёти классикӣ ва забони адабии мо таълиф гардидааст, бо ҳамин унвон интишор меёбад.
Масъалаи душвори таҳияи илмии луғат чунин аст. Азбаски, чунон ки гуф та шуд, нусхаи комили луғатро дар ихтиёр надорем, ҳайати таҳририя роҳи ягонаи таҳияи илмии ин луғатро писандид – роҳи такмили мусаввадаҳо ва варақаҳои тасҳеҳ нашудаи қисми луғат (албатта бо гузоштани ишораҳои махсус), ки дар архиви луғатсозии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон пайдо шуда буд ва дар фаъолияти илмии онҳо ба кор бурда мешуд. Аммо такмили ин луғат ҳам фақат як роҳ дошт – роҳи истифодаи қайдҳои «Садриддин Айнӣ, қайдҳои луғавӣ ва маънавӣ, эзоҳоти нуктаҳои нозук», ки дар осори нависанда, ҳар ҷо – ҳар ҷо дида мешавад ва баррасии дақиқи онҳо ва муқоисаи тамоми мавод бо фарҳангҳои куҳани форсӣ-тоҷикӣ. Ба ин ҷиҳат кори такмил ва таҳияи илмии луғати тоҷикии устод Айнӣ дар чанд марҳала анҷом ёфт.
Аз соли 1957 то соли 1965 архивҳои Душанбе, Тошканд, Самарқанд ва Ле нинград омўхта шуд. Маводди ба дастдаромада ба алифбои имрўзаи тоҷик гузаронида ва санҷида шуданд. Барои ин кор аз аввал то охир, махсусан дар мавридҳои норавшан ва шубҳанок ба фарҳангҳои мавҷудаи классикии форсу тоҷик муроҷиат кардан лозим омад. Баробари ин, аз чандин асари Айнӣ ва чопҳои осори классикон, ки таҳия кардааст ва ё аз назари ў гузаштааст («Рўдакӣ», «Фирдавсӣ», «Ибни Сино», «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ, «Бўстон»-и Саъдӣ, «Ҳофиз», «Бедил», асарҳое, ки дар ҷилдҳои 1,3,4,6,7 куллиёт ома даанд, «Ёдгорӣ», «Ҷанги одаму об») луғат ва эзоҳоти муаллиф ҷамъоварӣ шуд. Ин қисмати кор, ки аз оғоз то ин дам бо кўшиши тартибдиҳандаи куллиёт (Камол Айнӣ) анҷом дода шуда буд, боз аз тарафи Ҳафиз Рауфов дар марҳалаи дувуми кор такмил гардид.
Дар марҳалаи дувум – ҷамъоварии бақияи луғатҳо аз осори устод Айнӣ ва ба тартиб даровардани тамоми мавод аз назари шеваи луғатсозии замон ва тартиб додани мифтоҳи арабӣ ва навишти арабии калимаҳо ба зиммаи ба чоп тайёркунандаи дувуми ҷилди 12 (ҷилди луғат) Ҳафиз Рауфов гузошта шуд, ки вай аз соли 1966 то соли 1969 ин қисмати корро анҷом дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё