Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
«Асрорнома»-ро ҳадя ба Мавлоно Ҷалолиддин дод ва Мавлоно Баҳоуддинро гуфт:
«Зуд бошад, ки ин писари ту оташ дар сўхтагони олам занад» (Ниг. Девони Шамси Табрезӣ — Шарҳи ҳоли Мавлавӣ, - муассисаи чоп ва интишороти Амири Кабир, Теҳрон, 1341, саҳ. 391).
Дар ҷабини ин тифлак бузургвории пайғамбарона ҷило медод. Ниҳоят шоиста менамуд, ки ўро азиз дошта бошанд ва бо диққат ва таваҷҷўҳи вижа парвариш намоянд. Падари бузургвори Ҷалолиддин Баҳоуддин Валади фақеҳ аз тарси хатар ва кушторҳои муғулҳо бо тамоми хешу табор ва ақрабо қарор медиҳанд, ки ҷои муносибтари амну амниятро пайдо кунанд, то ки он ҷо маскан гузинанд. Пас аз сафарҳо ва гардишҳо хонадони бузурги Ҷалолиддин бо тамоми хешовандон ва наздикон шаҳри Кунияро писандиданд ва дар он ҷо маскан гузиданд.
Мавлоно — давом додам ман, - шахсияти бузурги ҷаҳони тасаввуф, ифтихори Туркия аст. Вале Мавлоно бобо-бобо-бобо-бобо бузурги мо тоҷикони ҷаҳон мебошад. Аз замоне, ки Туркия хатти хешро табдил дод ва ба хатти лотин гузашт, туркҳо осори Ҷалолиддинро кам мехонанд ва мешавад гуфт, ки ба забони асли он — порсии дарии тоҷикӣ тақрибан намехонанд. Аммо дар Туркия донишмандони бузурги мавлоношинос фаъолият доранд, ки силсилаи таҳқиқоти муҳим анҷом додаанд, сурудаҳои ўро ба туркии усмонӣ баргардонидаанд.
Тоҷикон ва кулли форсизабонони ҷаҳон Мавлоноро ба забони модарии хеш, монанди осори Низомии Ганҷавӣ мутолиа мекунанд, онҳоро азбар мекунанд.
Мо мегўем:
«Маснавии Маънавии Мавлавӣ — ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ», - яъне Маснавии Маънавии Мавлавӣ, ки ба забони порсии дарии тоҷикӣ арзи вуҷуд карда, баробари Қуръони Маҷид гузошта шудааст. Боз муҳим он аст, ки,
- давом додам ҷавоби хешро, - тоҷикон суннате доранд: ҳангоме кўдак ба дунё меояд, таҳи сари он дар гаҳвора китоби «Қуръон»-ро ё Маснавии Мавлонро гузошта барои навзод аз Худованди офаридагор рўзгори нек ва умри солиму бобаракат таманно мекунанд.
Боз арз кардам: — Хулосаи калом ин, ки агар Туркия ва Тоҷикистон дар боби омўхтан ва баррасии осори бузурги ин сўфии беназир ва мактаби Мавлавӣ барномаи муштарак биандешанд ва як конгресси байналмилалӣ баргузор намоянд, бехтарин роҳест барои оғози ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии ин ду кишвар, - гуфтам дар хотимаи суханам.
Президент Демирел ин суханонро бо диққат гўш карда гуфт:
— Бисёр хуб, чизе дар ин бора бинависед.
Пас аз ин ва чанд гуфтугўи дигар як навъ худро ақиб гирифтам ва мо бо ҳамроҳи Ўлмас Мирсаидович, ки низ розӣ буданд, ба мақоми пешини хеш баргаштем. Пас, дар пазироии меҳмонон яке аз ёварони Президент Сулаймон Демирел, ки дар гирди як миз нишаста будем, ба ман наздиктар шуд ва таъкид кард, ки дар ин бора ба номи ҷаноби Демирел номае бинависам.
Пасон ҳангоме ки ба Душанбе баргаштем, маслиҳат шуд, ки ман номае ба ҳамон маънӣ бинависам ва аз тариқи сафири ба наздикӣ таъйиншудаи бофарҳанги Туркия Айдин Идил ба номбурда бифиристам.
Ин матлаб бо мақомоти расмии ҳукуматӣ машварат шуд ва 7 апрели 1997 ба номи ҷаноби Айдин Идил сурати воқеа аз ҷониби камина баён гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё