Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигўям шарҳи дарди иштиёқ.
Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гўшро он нур нест.
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Оташ аст ин бонги ною нест бод,
Ҳар ки ин оташ надорад, нест бод!
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷўшиши ишқ аст, к-андар май фитод…

Мо бо ҳамроҳон дар паҳлўи қафасае истодем, ки дар он куҳаннусхаи «Маснавии Маънавӣ» ба намоиш гузошта шудааст.
Баъди чанд гоҳ гўшу ҳуш додан ба нолаи найи Мавлавӣ ва нафири ҷигарпорасози он дидагони моро он куҳаннусха мисли оҳанрабо ба ҷониби хеш мекашад ва мо бо Ҷўрабеки Назрӣ беихтиёр чанд сатри оғози Маснавии Мавлавиро қироат мекунем. Дидагонамонро ашки шодии бахтовар ва дар айни замон андўҳи шикояти най аз ҷудоиҳо аз насли хеш ва дурмонданҳо аз асли хеш фаро мегирад. Боз он рубоии моломол аз андўҳи нолаи ҷудоӣ ба ёдам мерасад ва барои атрофиён, ки аксар мусофир буданд ва барои зиёрати Мавлоно қадам ранҷа кардаанд ва инак ба мо таваҷҷўҳ мекарданд, қироат мекунам:

Эй хок, ту дар дафина гавҳар дорӣ,
Дар парда ниҳон моҳи мунаввар дорӣ.
Андар бари худ азиз дораш зинҳор,
К-ин ҷони ҷаҳон аст, ки дар бар дорӣ!…

Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхии Вахшинажод воқеан дар амал ҷони ҷаҳон аст, на маҷозан. Ва ба ҳақиқат агар андеша ронем, вай, он сўфии оламшумул, ҷаҳониёнро бо гуфтор ва кирдори хеш, бо фалсафаи оламорои хеш, бо сурати накў ва сирати поки сўфиёнаи хеш ба худ ҷалб намуда, ба онҳо ваҳдати инсонӣ бахшидааст. Ва мешавад гуфт, ки ба як маънӣ Мавлавӣ Ҷалолиддин амали неки бузургони Сомониро идома ва рушд додааст: агар Сомониён бошандагони тамоми Осиёи Марказӣ ва Хуросонро, чи тоҷик (эронӣ, ориёӣ) чи турк ва чи ақвоми дигарро муттаҳид карда ваҳдат бахшида бошанд, Мавлоно афроди боҳуши башарро дар кулли ҷаҳон ба иттиҳод овард, дўстӣ бахшид ва ба ваҳдат даъват намуд.
Роҳнамои мо моро тақрибан бо зўр ва ташвиқ ба берун мекашад ва мо оҳиста-оҳиста хаставу малул ва дилфигор ба сўи хиёбон раҳсипор мешавем:

пешина
аз 235
навбатӣ