Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намоиш бештар шабеҳи намоишҳои саҳнавӣ буд, на хонақоҳии асил, ки дар хонақоҳ одатан барпо мегардад ва ба тамошои он камина 30 сол қабл дар сафари нахустинам мушарраф шуда будам. Вале, бо ҳамаи ин, намоиши самоъ, ки бештар аз 700 сол дар Куния ҳифз шуда идома дорад, аз нерў ва қудрати Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхии Вахшинажод шаҳодат медиҳад, аз нуфузи рўҳи оламгири вай, аз он ки дар як кишвари имрўз туркизабон – давлати Туркия парчами маънавии сўфиёнаи Мавлоно дар фазои садои нав чирагуфтори ҷигарпоракунандаи суннатӣ нидои ҷовидона дорад… Ҷашнвораи ёдбуд ва намоиши самои Мавлоно тақрибан то ними шаб тўл кашид. Пасон мо бо мошини худамон ба сўи Анқара – пойтахти Ҷумҳурии Туркия рафтагор шудем. Тамоми роҳ найи Мавлавӣ ба гўшам садо медод ва ҳатто вақте пинак мерафтам, он нафир бо тапиши дил ҳамовоз буд. Дар хаёлам такрор ба такрор сатрҳои моломол аз муҳаббати инсон маро ором намегузоштанд ва гўё рўҳи Мавлоно мегуфт:

Боз о, боз о, ҳар он чи ҳастӣ, боз о,
Гар кофару габру бутпарастӣ боз о!
Ин даргаҳи мо, даргаҳи навмедӣ нест.
Сад бор, агар тавба шикастӣ, боз о!

Рўзи дигар пагоҳон мо аз Анқара бо ҳавопаймо парвоз кардем ва ба шаҳри Истанбул расидем. Макони мо меҳмонхонаи «Калйонотел», дар шоҳроҳи соҳили баҳр, дар маҳалли хушманзараи Султонаҳмад воқеъ будааст. Аммо, азбаски вақтамон ниҳоят маҳдуд ва он рўз 13 декабр рўзи якшанбе буд, моро аз фурудгоҳ фаврӣ ба Донишгоҳи Истанбул бурданд.
Дар ин шаҳраки донишгоҳӣ, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, ба вохўрии устодони донишкадаи адабиёт мушарраф гардидем. Дар ин вохўрӣ чанд нафар аз устодони соҳибмақомашон ҳозир буданд: Нахуст раиси донишкадаи адабиёт ва мудири бахши бостоншиносӣ ва таърихи ҳунар хонум доктор Гюл Ирепоглу. Ин бонуи донишманд ва босалиқаи зеборо собиқан аз осораш мешинохтем, ки лаҳни гуфтораш ниҳоят нафис ва суханонаш ҳалим будааст.
Шахси дигаре, ки барои мо ниҳоят муҳим буд, устоди донишгоҳ доктор Мехмет Канар, марди форсӣ ва арабидони 50 сола ва масъули бахши адабиёти форсии он донишкада аст, ки бо вай унс гирифтем ва аҳди дўстӣ эълон намудем, устод Канар – соҳиби хатти хонои форсӣ, муаллифи китобҳои таҳқиқотӣ, дарсӣ ва тарҷумаҳо аз форсӣ ба туркӣ мебошад. Вай шахси шефтаи фарҳанги форсӣтоҷикӣ бо мо омодаи ҳамкорӣ аст, мехоҳад адабиёти моро тарҷума кунад.
Дархост намуд, ки китобҳое аз адабиёти кўдакон, достонҳои мардумӣ, таърихи адабиёт ва таърихи тоҷикон, наср ва шеъри классик ва имрўзи мо (С. Айнӣ ва дигарон) дастури забони тоҷик ва ғайра барояш фиристода шаванд. Тасмим шуд, ки доктор Мехмет Канар минбаъд намояндаи фарҳангии «Пайванд» дар он сомон хоҳад буд. Шахси дигари форсидони муҳаққиқ ва муаллими ин бахш доктор Алӣ Гузелюз низ омодаи ҳамкорӣ дар баррасиҳои тоҷикшиносӣ ва тарҷумаи осори адибони мост.
Донишгоҳи Истанбул соҳиби яке аз бузургтарин китобхонаҳои Туркия маҳсуб аст. Ин китобхона соли 1924 таъсис шуда дар он кишвар яке аз шаш китобхонаи ба унвони китобхонаи муҷтамаъ шинохта шудааст.

пешина
аз 235
навбатӣ