Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
сухан ҷон аст, ҷон, Эй ҷони ҷонон!
«Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомўш аст?»
Дар мақолаи «Ҳуҷуми гиряи моро сабаб мапурс» (1999) дар бораи сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишварамон мўҳтарам Э.Ш.Раҳмонов ба Ҷумҳурии Ўзбекистон нақл карда будем.
Гуфтем: соли 1996 Ҷумҳурии Ўзбекистон хост, ки ба Амир Темури Ку рагонӣ шукўҳ бахшад ва солгарди вайро ҷашн бигирад. Ба ин муносибат сарвари он ҷумҳурӣ ҷаноби И.А.Каримов ҳамаи Президентҳои Осиёи Марказиро ва ҳамчунин он замон Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирел ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиевро чанд рўз қабл аз маросими расмии Амир Темур барои 2 рўз ба ҷумҳурии хеш ба унвони дидорбинӣ ва мубодилаи афкор ба меҳмонӣ даъват намуд. Ёдовар мешавем, ки сарони кишварҳои номбурда бо ҳайатҳои хеш 21 октябри соли 1996 озими шаҳри Тошканд шуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон илова бар ашхоси расмии давлатӣ аз аҳли фарҳанг ва илм 2 нафар – раиси Академияи илмҳо Улмас Мирсаидов ва каминаро ба ин ҳайат ҳамроҳ намуданд.
Баъди диду боздидҳо, мулоқот ва вохўриҳо, тамошои осорхона ва намоишгоҳҳои ҷашнии Тошканд рўзи дигар (22 октябри с. 1996) моро бо ҳавопаймои вижа ба «Сайқали рўи замин» – Самарқанди хушҳавои фараҳбахши зархез расониданд. Дар Самарқанд низ навбунёдиҳо, ҳайкалу нимпайкараҳо, хиёбонҳои бодурахши зебо ва музейхонаҳову намоишгоҳи ҳунарҳои дастии нафис, ки ҳамаи онро аз анборҳои давлат оварда буданд, ба меҳмонҳо намоиш дода шуд ва гуфтугўҳои муҳимми ошкоро ба амал омад. Ниҳоят ҳамаро ба меҳмонсарои Ҳиндустон оварданд, ки дар шафати театри вилоятӣ ҷойгир аст ва он рў ба рўи бузургбулвор воқеъ гардида, ки он собиқ Булвори Абрамский ном дошт. Толори бузурги ин сохтмон барои истиқболи меҳмонон омода шуда буд. Самарқандиён хостанд, ки дар ин ҷо ҷаласаи андешаронӣ созмон дода шуда, ҳамзамон зиёфати расмии Ҳукумати Ўзбекистон низ барпо гардад.
Дар толор мизҳои чорнафарӣ гузошта шуда, дар пешгоҳ радаи шаҳнишин барои раёсати ҷашн омода аст. Вазъи толор ниҳоят муҷаллал ва бо салиқаи оростагӣ ва пиростагӣ меҳмонон истиқбол гардиданд. Оғози ҷаласа бо сухани президент И.А.Каримов ҳамчун меҳмондори асосӣ ибтидо гардид.
Пас аз сухани хайрамақдам ва ҳарфҳои ташрифотии лозим раиси ҷаласа аз Президенти Туркия ҷаноби Сулаймон Демирел чун шахси бештар аз ҳамаи ҳозирин таҷрибадор хоҳиш намуд, ки андешаҳояшро баён кунад.
Президент Демирел бо забони туркии усмонӣ сухан гуфт ва ҳадаф он буд, ки таҷрибаи давлатдории Туркия барои имрўз ва фардо намунаи ибрат бошад ва иштибоҳоте, ки дар амали он кишвар дар зарфи солиён рух дода буд, муҳим аст, ки дар амали давлатдории ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ такрор нашавад.
Албатта ҳамаи ин ҳарфҳо ва гуфтугўҳои дигаре, ки тақрибан бештар аз 40 дақиқа тўл кашид, дар пардаи гуфтори сиёсии дипломатӣ ва ба тарзи нақли фасеҳи туркии усмонӣ баён шуданд.
Каминаро гирди мизе ҷой дода буданд, ки он тақрибан дар миёнҷой ва нисбатан ба раёсат наздик гузошта шуда буд. Ба ин ҷиҳат суханони Президент Сулаймон Демирел хуб шунаво буд ва азбаски туркии усмониро дар замони донишгоҳӣ аз устод Ниҳат-афандӣ Истанбулӣ омўхтаам, гуфтори нотиқ барои камина душворӣ надошт ва баъзе ибора ва ҳарфҳояшро дар дафтараки хеш сабт намуда, аз ҳамнишинам хоҳиш кардам, ки эзоҳ диҳад, дар атрофи мизи чорнафараи мо – як нафар мушовири И.А.Каримов, як нафар мушовири Сулаймон Демирел ва як нафар шахси номаълум, ки аз оғоз то анҷоми зиёфат соқит буд, нишаста буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё