Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Садои кафкўбии ҳозирин ҳамаро фаро гирифт. Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон И.А.Каримов ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов истиқболи ҳамдигар омада ҳамдигарро ба оини гузашта оғўш карданд:

Зада сина бар сина ду паҳлавон,
Ба оину расми гузашта замон.

Президент И.А.Каримов ҷавобан изҳор намуданд, ки ниҳоят хушҳол аст, ки дар ҷаласа суханони нек ва ошкору самимӣ шунида шуд ва дар ҳолате, ки дар чеҳраашон вазъи ҷиддият рух дод, ба русӣ гуфтанд:
– Бародарон, тоҷикону ўзбекҳо як душмани муштарак доранд. Нерўҳо аз дохил ва хориҷ мехоҳанд, ки ҳамвора барои ин ду халқ ихтилоф оваранд ва муносибатҳояшонро барҳам зананд. Мо ва шумо аз ин душмани ғаддор бояд дар ҳолати омодагӣ бошем ва чораи ин иғвогариҳо бубинем…
Пасон Президент И.А.Каримов ҷаласаро ҷамъбаст намуданд ва ин вохўрии таърихӣ поён пазируфт. Ҳозирин каф мезаданд, ҳайати навозандагони са марқандӣ дар ҳолати навохтани оҳанги хуш ба меҳмонон наздик шуда аз ошёнаи дувум то дами дари ин меҳмонсаро ақиб-ақиб рафта ҳозиронро ба роҳи сафо гусел намуданд.
Дар саҳни меҳмонхона садҳо мардуми Самарқанд ҷамъ шуда буданд, гул медоданд, гулафшон мекарданд.
Ҳангоми парвоз аз Самарқанд ба Тошканд ва пас бо ҳавопаймои худамон ба Душанбе суханони ҳикматомези зайлро замзама мекардем:

Вақти сухан матарсу бигў он чӣ гуфтанист!
Воқеан: сухан ҷон аст, ҷон, эй ҷони ҷонон!

Вассалом!

пешина
аз 235
навбатӣ