Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тафсилоти ин воқеа ба нақл аз Изомии хушнавис чунин аст: «Дар ин марказ устод Айнӣ ба раёсат баргузида шуд ва Садри Зиё, Файзулло Хоҷаев, Абдуррауфи Фитрат, Шоиқ афандӣ, Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ, Абдулқодир Муҳиддинов, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва Йўлдош Пўлод (нозири маорифи Бухоро) аъзои аслӣ ва Аббос Алӣ ба унвони дабири Анҷуман ва Изомии хушнавис ба унвони муншии Анҷумани таърих ва адаб таъйин шуданд.
Дар барномаи ин марказ, таълифи чанд китоб пешбинӣ шуда буд.
Баргардони «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ба забони туркӣ-ўзбекӣ; таҳрири дубораи чанд китоби устод Садри Зиё, ки дар замони Инқилоби Бухоро сўхта буданд, навиштани чандин китоби таҳқиқотӣ дар мавзўи адабиёт ва санъати мусиқӣ ба қалами Абдуррауфи Фитрат ва ғайра.
Бо ҳамаи ин имконот устод Айнӣ маҷбур шуд, ки ба Самарқанд баргардад, зеро дар ин миён забони туркӣ ба унвони забони давлатӣ роиҷ шуд, вале устод Айнӣ мехост, ки китоби «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-ро ба забони аслии форсӣ-тоҷикӣ ба чоп расонад ва ба ин манзур, дастнависи худро ба василаи шахси мўътамад аз Самарқанд ба Бухоро ирсол кард, ки ҳарчи зудтар чоп шавад. Аммо ин китоби ниҳоят муҳим – нақди нукта ба нуктаи воқеоти маорифи Бухоро ва баёни таҳаввули афкори ҷомеаи он интишор наёфт.
Дўсти дерини Айнӣ – Йўлдош Пўлод, нозири маорифи Ҷумҳурии Бухоро, бо далоили қавӣ ва бар асоси қавонини ахири ҷумҳурӣ, муаллифи он китоби вазин, яъне Садриддин Айниро қабулонд, ки аз ин пас дар Бухоро китоби форсӣ чоп нахоҳад шуд ва чун мавзўи китоби «Инқилоби фикрӣ дар Бухоро»
барои таърихи кишвар ниҳоят муҳим аст, онро ба туркӣ-ўзбекӣ баргардонад, чун ин иҷборро таърих бар зиммаи Айнӣ гузоштааст. Азбаски Садриддин Айнӣ интишори ин китоби таърихиро зарурӣ медонист, пешниҳоди Йўлдош Пўлодро пазируфта, ин асарро ба гуане дигар ба забони туркӣ-ўзбекии он замон баргардонд. Дастнависи ўзбекии ин асар ба унвони «Таърихи Инқилоби Бухоро» чунин аст: «Бухоро Инқилобининг таърихи». Сафҳаи аввал дар сарлавҳа исми муаллиф Садриддин Айнӣ бо хатти муаллиф нигошта шудааст ва унвони китоб бо хатти дигар. Биринчи қисм (бахши якум) бо хатти муаллиф, аз сафҳаи 1 то 284 бо хатти хонои рехтаи ҷадидӣ гўё ба қалами шогирди Айнӣ Раҳим Ҳошим ва аз сафҳаи 284 то 311 бо хатти ҷадиди, туркӣ-ўзбекии Абдулмўъмин Сатторӣ.
Устод Айнӣ, ки қаблан ашъори амир Алишери Навоиро дар радифи осори бузургони адаби форсӣ-тоҷикӣ мутолиа карда буд, дар анҷоми китоби худ нақл мекунад, ки пас аз синни 28-солагӣ аз тариқи ҷароид, кутуб ва маҷаллоти туркӣ-усмонӣ, тоторӣ ва ўзбекӣ бо адабиёти ин қабоил ошно шудааст ва ин китобро ба туркӣ-ўзбекӣ таҳрир карда ва ин асар, нахустин асари ў ба забони туркӣ будааст. Айнӣ поёни ин асарро дар раҷаби 1339 ҳиҷрӣ баробари 23 марти 1921, дар шаҳри Самарқанд эълом мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки чун устод Айнӣ мебоист нусхаи дастнависи хешро ба чопхона бифиристад, бори нахуст (чун он замон ҳеч гуна дастгоҳи тайп вуҷуд надошт), бо кўмаки шогирдонаш аз нусхаи туркии хеш, «Бухоро Инқилоби таърихи» нусхабардории онро аз оғоз то анҷом тасҳеҳу ислоҳ кард. Ин мерасонад, ки нусхаи ахири «Бухоро Инқилобининг таърихи» ба қалами шогирдонаш, нусхаи мўътабари туркӣўзбекии муаллиф аст, зеро нусхаи гумшудаи ин асар дар он замон, имрўз дар Пажўҳишгоҳи Абўрайҳони Берунии Тошканд нигаҳдорӣ мешавад.

пешина
аз 235
навбатӣ