Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Коссович барои замони хеш ба ҳайси як донишманди варзида, донандаи мутуни асили Занд Авасто ва забонҳои куҳани Шарқу Ғарб шахси шефтаи фарҳанги ориёӣ, тарҷума ва таҳқиқи хешро ҳам ба забони русии замони хеш ва ҳам ба забони лотин анҷом додааст, зеро, ба қавли ў, лотин он гоҳ ҳанўз ба гунаи забони илмии Аврупо ба шумор рафта роҳи расидан ба доираҳои фарҳангии аврупоӣ фақат аз тариқи забони лотин имконпазир буд (Коссович, 43).
Ҳадафи асосӣ ва аслии ин таҳқиқот, ба гуфти Коссович, кашфи роҳи ошноӣ бо навиштаҳои бостонии мунҳасир ба фард ва беназири порсиёни ориёии бостон мебошад. Донистани ин фарҳанг «махсусан муҳим аст,
- на виштааст Коссович, - ки он мансуб ба қавме мебошад, ки бо мо (русҳо
– К.А.) хешовандӣ дорад ва ёдгориҳои онҳо ба мисли ёдгориҳои Санскрит, аз бисёр лиҳоз рўзгори моро таҷассум менамоянд, ки таърих онро инъикос намудааст. Беҳуда нест, ки дар кулли донишгоҳҳои Аврупо, - идома медиҳад Коссович, - тамоюли зиёде барои танзим ва равшанӣ овардан ба гунаҳои шаклии он забонҳо зоҳир мешавад ва кўшиш ба харҷ дода мешавад, то он забонҳо ба осонӣ омўхта шаванд. Қавми слав ва олмонӣ, келтҳо ва қавмҳои мансуб ба романиҳо бо ошноӣ бо забонҳои санскрит ва Занд (Авастоӣ – К.А.) баробари ин бо забони меҳани хеш наздиктар ошно мешаванд. Ба ҳамин тариқ, баррасии илмии забони ватани хеш чӣ дар кишвари мо, чӣ дар соири кишварҳои Аврупо, мабнист ба шарти ҳатмии омўзиши ҳар дуи ин забон, зеро онҳо ба ҳамаи мардумони соҳибмаърифати Аврупо нахустин гаҳвораи онҳоро, нахустин бозиҳои кўдакии онҳоро, нахустин шервонии (боми) бошишгоҳи умумии падарони эшонро чун дар миръоти покиза намоиш медиҳанд. Инкор намудани ин шеваи аз қаъри ҳазорсолаҳо дурудовар маънои инкор кардани табиати инсони эҳсоскунанда ва андешаманд мебошад. Вале қонеъ будан бо пажўҳишҳои дигарон маънои дар ҳолати беморӣ ва бетафовутӣ мондани узви хонадони солими ҳамвора фаъол ва заҳматкаш аст. Ва агар бигўем: бошад ки дигарон ба ҷои мо заҳмат бикашанд, дар он ҳол заҳмати дигарон, агар мо худ мустақилан заҳмат накашем ва аз онҳо истифода бикунем – барои мо нафъи шохисе барнамеоварад: маълум аст, ки фақат он бозёфтҳои илм ба нафъи ҳаводорони он мерасанд, ки онҳо бо хидмати поки холисонаи хеш ба даст омадаанд. Ва фақат ба иттилоъ пазируфтани натиҷаҳои кўшишҳои дигарон, хидматгузории барои илм ба шумор намеравад» (Коссович, 42-43).
Китоби донишманди бостоншинос, нахустин муҳаққиқ ва мутарҷими 4 фасли китоби Занд (Авасто) дар Русия (с.1861) Каэтон Коссович ҳанўз қабл аз интишори он аз ҷониби пажўҳишгари мумтози фарҳанги Эронзамин П.И.Лерх ва ҳамчунин аз ҷониби аъзои Анҷумани бостоншиносии императури Русия хуш пазируфта шуда буд (Коссович, 43-44). Пас аз ба табъ расиданаш китоби «Чаҳор фасли Занд Авасто» хидмати шоистаеро барои рушди донишҳои бостоншиносии эронӣ дар Русия анҷом дода, нақши боризеро дар ин роҳ доштааст.
Сохтори куллии китоби К. Коссович ба тариқи зайл аст:
Муқаддима (с.7-44)
Матни Занд (с.3-14 ва 24)
Овонависӣ (с.17-24)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё