Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
хулосаи «шоҳнома»-и фирдавсӣ
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чаҳор силсила аз подшоҳони Эрон зикр шудааст: Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён. Воқеаҳои дар бораи силсилаи Пешдодиён, Каёниён нақлшуда афсонамонанд аст ва ҳатман зери ниқоби ин афсонаҳо ҳақиқате вуҷуд дошта, ки мурури замон он ҳақоиқро ба шакли афсона даровардааст. Силсилаи Ашкониён дар «Шоҳнома» ба таърихи воқеӣ наздик аст. Аммо фақат номи чандин аз подшоҳони он силсила ба шумор омада, вале зикре аз вақоеи муҳимми он давра иттифоқ наафтодааст.
Бахши чаҳорум – давраи Сосониён бо таърих мутобиқ аст ва номи подшоҳон яке пас аз дигаре зикр шудааст. Аммо вақоеи зиндагонии онҳо, махсусан он чӣ ба аввалин подшоҳони он силсила марбут мебошад, бо афсона махлут аст.
Аввалин подшоҳи Пешдодӣ Каюмарс аст, ки дар кўҳҳо манзил дошт. Вай ва пайравонаш бо пўсти ҳайвонот худро мепўшониданд. Ў ҳайвонотро ба худ ром карда ва бо девон ҷангида ва дар ҷанг бо онон писараш Сиёмак кушта шуд. Вай сӣ сол подшоҳӣ кард. Пас аз ў наберааш Ҳушанг ба ҷои ў нишаст.
Ҳушанг набераи Каюмарс аст ва чиҳил сол подшоҳӣ кард. Вай оташро кашф кард ва ба ёдгории он ҷашни «Сада»-ро барқарор кард. Ин ҷашн дар мавсими кишти зимистонӣ марсум гашта, дар майдонҳо ва қуллаҳои кўҳҳо оташ меафрўхтанд.
Пас аз Ҳушанг наберааш Таҳмурас маъруф ба «Девбанд» ҷонишини ў шуд.
Вай девонро ба итоати худ даровард. Дар замони ў тамаддун пешрафт кард.
Вай фанни пашмресӣ, тағзияи ҳайвоноти аҳлӣ, парвариши мурғу хурўсро ба мардум омўхт.
Пас аз Таҳмурас фармонфармоӣ ба писараш Ҷамшед – маъруфтарин подшоҳи достонии эронӣ расид. Ҷамшед яке аз подшоҳони бузург аст, ки ҳафтсад сол подшоҳӣ кард. Вай нафақат бар насли инсон фармонфармоӣ дошт, балки девон, париён, паррандагон зери фармони ў буданд. Вай истифода аз ҳайвонот, истеҳсоли аслиҳа ва фанни ресандагиро ба одамон омўхт.
Вай табақоти лашкарӣ, рўҳонӣ, кишоварзон ва пешаваронро таъсис кард, девонро маҷбур ба меъморӣ намуд. Истеъмоли фулузот, аҳҷори карима, атру адвияро маъмул ва киштисозиро доир кард. Ҷашни Наврўзро ў марсум дошт.
Хулоса, давраи Ҷамшед асри рафоҳ ва осоиши афсонавӣ мебошад. Ҷамшед дар охир ба худ мағрур гардид, даъвои худоӣ кард ва хост ўро бипарастанд. Аз ин ҷиҳат фарри эзадӣ аз ў дур гашт. Дар ин вақт Заҳҳоки истилогар қаламрави Ҷамшедро зери фармони худ даровард. Ҷамшед дар дашту биёбонҳо мутаворӣ шуда ва худро ба савоҳили дарёи Чин расонид. Дар он ҳудуд маъмурони Заҳҳок вайро дастгир карда куштанд.
Заҳҳок олати дасти Аҳриман шуда, ҷавру ситам пеша кард. Вай бо иғвои Аҳриман падари худро кушт. Пас аз он Аҳриман ҳилаи моҳиронатаре ба кор бурда, ба шакли ошпазе даромада, гўштхўриро ба Заҳҳок омўхт. Ин хўрок ба завқи Заҳҳок ба андозае гуворо буд, ки ба ошпаз иҷозат дод, ҳарчӣ дилхоҳи ўст, талаб кунад. Аҳриман хоҳиши зиёде надошт. Фақат аз шоҳ иҷоза хост, ки бар шонаҳои ў бўса занад. Шоҳ дархости ўро пазируфт. Аз ҷои ин ду бўсаи Аҳриман бар шонаҳои Заҳҳок ду мор сар бароварданд, ки боиси озор ва нороҳатии Заҳҳок гардиданд. Ҳар гуна тадбиру чораҷўӣ аз ранҷи ин ду мор бенатиҷа монд. Бори дигар Аҳриман ба номи табиб ба ҳузури шоҳ омада гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё