Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Маҷаллаи адабӣ ва илмии «Сухан» дар бобати ҳамкориҳои илмӣ дар таҳқиқи мутун ва нашри онҳо навишта буд: «Пас аз чопи китоби «Ҳумой ва Ҳумоюн»-и Хоҷуи Кирмонӣ, ки ба кўшиши оқои Камол Айнӣ ба сурати обрўманд анҷом шуд ва таҷдиди «Бадоеъ-ул-вақоеъ», инак «Вису Ромин» севвумин асарест, ки бо ҳамкории Бунёди фарҳанги Эрон ва академияҳои улуми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ мунташир мешавад. («Сухан», 1350/1972, № 6, саҳ.677).
Ва ҳоло азбаски сухан аз силсилаи нашрҳои мазкур меравад, як иқтибос аз маҷаллаи «Ахбор» (нашрияи идораи матбуоти СССР, 31 сентябри соли 1971) меоварем, то хонанда доираи васеи манобеи истифодашуда ва мушкилоти таҳқиқоти матншиносиро тасаввур карда тавонад ва донад, ки дар замони мо ба як соҳаи бисёр зарур ва дақиқи илми шарқшиносӣ мубаддал шуда, дар ҷаҳони мутамаддин мавқеи шоиста дорад. «Табъ ва нашри манзумаи олӣ ва ҷолиби «Вису Ромин» – навишта буд «Ахбор» – … воқеан барҷаста ба шумор меравад. Матни ҷомеи интиқодӣ мабнӣ бар тамоми нусхаҳои мавҷуд дар захоири Иттиҳоди Шўравӣ, Эрон, Инглистон, Ҳиндустон ва Туркия ва ривоёти бостонии гурҷӣ ба василаи эроншиносони Шўравӣ М.А.Тодуа, А.А.Гвахария ва Камол Айнӣ таҳти назари шарқшиноси барҷастаи Шўравӣ академик Г.В.Тсеретели танзим шудааст. Ин асари бузург ҳовии се муқаддима ба қалами ҳайати таҳририя мебошад ва бо грифҳои Институти шарқшиносии Фарҳангистони улуми Гурҷистон, Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди фарҳанги Эрон табъ ва мунташир шудааст… Чанде пеш, давом медиҳад «Ахбор», аввалин ҷилди асари думуҷалладаи (маҷмўан қариб 1100 сафҳа) ёддоштҳои таърихӣ ва адабии Восифӣ, сухансарои қарни шонздаҳум, таҳти унвони «Бадоеъ-ул-вақоеъ» табъ ва мунташир гардид. Матни ҷомеъ ва интиқодии ин нодиртарин манбаи фарҳанги милали Осиёи Миёна ва Эрон ба василаи А.Н.Болдирев, устоди Донишгоҳи давлатии Ленинград, танзим гардида ва шомили муқаддима (ба форсӣ ва инглисӣ) ба қалами Камол Айнӣ, ки ба эҳтимоми вай ин асар ба табъ расидааст, мебошад».
Дар бораи нашри дуввуми бузургасари Мавлоно Восифӣ донишманди мумтози матншиносӣ дорандаи ҷоизаи давлатии Ибни Сино ва ҷоизаи байналмилалии Фирдавсӣ (Эрон) А.Н.Болдирев чунин нигоштааст «матни интиқодии ҷомеи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифиро, ки ман бо ҷалб намудани то қадри имкон кулли нусахи мавҷудаи он таҳия намуда будам, нахустин бор АУ СССР соли 1961 дар Маскав ба табъ расонид ва дуввумин бор бо тасҳеҳи муҳим ва тавзеҳот дар соли 1970 дар Теҳрон Камол Айнӣ бо ҳамкории донишмандони эронӣ ба табъ расонид» («Зайниддин Васифи», Душанбе «Адиб», 1989, с.8).
Бояд гуфт, ки дар ин ҳама амали илмии ибтикории байнидавлатии хайр ўро ҳамвора сарварони Академияи илмҳои Иттифоқи Шўравӣ хусусан В.А.
Кириллин – ноиб-президенти АФ СССР, академик-котиби Шўъбаи таъ рих АИ ИС академик Е.М.Жуков, ҳамчунин директори ИШ АИИС ака демик Б.Ғ.Ғафуров, академик Е.М.Челишев, профессор И.С.Брагинский, Президенти АИ Тоҷикистон М.С.Осимов ва аз хориҷиёни донишмандони номӣ П.Н.Хонларӣ, Фурўзонфар Бадеъуззамон, Саид Нафисӣ, Муҳаммадамини Риёҳӣ, Забеҳулло Сафо, Муҳити Таботабоӣ ва бисёр дигарон хуш ҷонибдорӣ кар даанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё