Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Илова бар ин К.С.Айнӣ дар таҳия ва нашри китобҳои муҳим, монанди «Ҷомӣ дар миниатюраҳои асри XVI» (нашриёти «Советский художник»), «Лавҳаҳои нигорин аз садаи XIV то XVII бар осори суханварони форс-тоҷик» (таҳқиқ ва тадвини М.М.Ашрафӣ), ки бо ҳамкории ноширони Олмон интишор шуда аст, тазкираи «Ситорагони назм» ва ғайра фаъолона иштирок менамояд.
Ў яке аз муаллифони китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи нўҳуми мактабҳои миёнаи тоҷикӣ мебошад, ки соли 1954 ва баъд нуздаҳ бор ба табъ расидааст. Масъалаи асосие, ки солҳои зиёд мавриди таҳқиқи К.Айнӣ қарор гирифтааст, манбаи достонҳои ишқӣ-лирикии асрҳои XIII-XIV ва лирикаи он давр, ҳамчунин манбаъҳои адабии асри XVI тоҷик мебошад. Ин масъаларо ў дар асоси таҳқиқ ва таҳияи матни интиқодии достону маснавиҳо ва омўхтани девони яке аз классикони асри XII-XIV форсу тоҷик Хоҷуи Кирмонӣ, ки Ҳофизи Шерозӣ ба шогирдии ў ифтихор кардааст ва ҳамчунин «Тазкираи Ҳасани Нисорӣ» ва дигар сарчашмаҳои муҳимми асри XVI баррасӣ кардааст.
Як силсила мақолаҳое дар маҷмўаҳои илмӣ, матбуоти адабии мамлакатамон ва хориҷа ба табъ расидаанд, натиҷаи ҷустуҷўҳои муҳаққиқанд. Бозёфти муҳимтарини муҳаққиқ нашри силсилаи осори хаттист, ки дар сурати матни интиқодӣ ба расмият даромада, ҳамчун аввалин намунаи ҳамкории Академияи илмҳои СССР, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Бунёди фарҳангии Эрон ба табъ расидаанд. Матни интиқодӣ ва таҳқиқи достонҳои машҳури Хоҷуи Кирмонӣ «Ҳумой ва Ҳумоюн» (Теҳрон, 1969, 1999), «Гул ва Наврўз» (Теҳрон, 1972, 1991), ки дар асоси манбаъҳои нодир аз осорхонаҳои Иттифоқи Шўравӣ, Англия ва Эрон тадвин ва таҳия шудаанд, аз ҷумлаи онҳоанд (ниг.: «Важнейшие достижения в области естественных и общественных наук за 1969 г. отчет АН СССР. Одобрен Президиумом АН СССР. – М., 1970, с.141»).
Камол Айнӣ бо олимони шарқшиноси Ленинград (Санкт-Петербург) ва Гурҷистон А.Н.Болдирев, М.А.Тодуа ва А.А.Гвахария ҳамкории доимии илмӣ дошт. Ин амал хусусан дар таҳқиқоти матншиносӣ ба хубӣ зоҳир гардидааст.
Дар ин роҳ Камол Айнӣ чун кўшишгари нахустин саҳми намоёне дошта, ба чанде аз нашрҳои муҳимми осори хаттӣ муқаддима навишта, таҳрири илмии онро бар ўҳда доштааст ва ба ин восита дар равобити илмӣ дўстиву ҳам кории халқҳои мамлакат саҳми воқеӣ гузоштааст. Мо матни интиқодии «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифиро дар ду ҷилди бузург (Теҳрон, 1971, 1972) ва «Вису Ромин»-и Фахриддини Гургониро (Теҳрон, 1971), ки онро тавлиди дубораи достони куҳан гуфтан равост, дар назар дорем, зеро онҳо маҳз бо ташаббуси Камол Айнӣ ба табъ расидаанд. Ин асарҳо ҷузъи таркибии ҳамон барномаи илмӣ буданд, ки дар асоси нахустин нақшаҳои байналхалқии ҳамкории мамлакатҳо амалӣ гардида, ҳам дар мамлакати мо ва ҳам дар хориҷа баҳои баланд гирифтанд. Зимнан бояд гуфт, ки имтиёзи ин панҷ матни интиқодӣ дар он аст, ки дар таҳқиқ ва тадвини ду сабки интиқоди илмии матнӣ корбаст шудааст: нахуст усули баррасии матнҳои форсии тоҷикӣ, ки дар ховарзамин анъанаи тўлонӣ дошт ва дигар усули матншиносии мактаби илмии рус ва Аврупо, ки тибқи он тадқиқи ҳар нукта, хулоса ва натиҷагириҳо бояд манбаи хаттӣ дошта, мустанад бошад. Ин сабки кори матншиносии имрўзаи мо қобили қабул ва писанди аҳли фаҳм гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё