Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Мардум аз дини аҷдоди худ гумроҳ шуда, ба дини исавӣ рўй меоварданд. Шопурро аз зиндон озод кардан кори бисёр душворе буд.
Аммо яке аз канизҳои Қайсар ба ҳоли ҳоли вай раҳм карда, ўро аз зиндон наҷот медиҳад ва ҳар дуи онҳо аз Рум фирор мекунанд. Шопур ҳамин ки ба Эрон бармегардад, ба ҷамъи сипоҳ мекўшад ва ба Рум ҳуҷум карда Қайсарро мағлуб мекунад.
Пас аз Шопур подшоҳии Эрон ба Яздигурд мерасад, ки Фирдавсӣ ўро Асим лақаб додааст. Воқеанигорони давраи шоҳонӣ аз он ҷиҳат Яздигурдро Асим (гунаҳкор) номидаанд, ки вай тобеи нуфузи рўҳониёни зардуштӣ, ки дар мамлакат қудрат ва эътибори бузурге ёфта буданд, нашуда, ҳуқуқ ва ихтиёроти онҳоро маҳдуд карда буд.
Дар «Шоҳнома» давраи подшоҳии писари Яздигурд, ки бо номи Баҳроми Гўр машҳур аст, муфассал зикр шудааст, пас аз таваллуди Баҳром аз осеб расонидани рўҳониён ва уммоли худ ба вай тарсида, тарбияти ўро ба яке аз тобеони араб – Мунзир супурд ва Баҳром дар ноҳияи дур, дар сарзамини араб тарбият ёфта, ба ҳадди рушд расид. Баҳром ба суруд ва мусиқӣ бисёр ҳавас дошт. Мутрибон ва навозандагонро ба даври худ ҷамъ мекард. Пас за марги Яздигурд дарбориён ва бузургони Эрон яке аз хешони дури ўро бо номи Хусрав ба подшоҳӣ баргумоштанд ва подшоҳи навро дар таҳти нуфузи худ дароварда, аз худсарӣ боз медоштанд.
Дар ин вақт Баҳром, ки дар Ҳира таҳти ҳимояти Нўъмон ибни Мунзир ба сар мебурд, даъвои подшоҳии Эронро дошт. Бузургони кишвар аввал ба даъвои вай эътиное накарданд. Аммо Баҳром онҳоро таҳдид кард, ки бо нерўи қабоили араб ба Эрон ҳуҷум хоҳад кард. Бинобар он ба подшоҳии Баҳром розӣ шуданд, ба шарти он ки аз ўҳдаи озмоиш баромада, ҳунар ва лаёқати худро нишон диҳад. Онҳо тоҷи подшоҳиро байни ду шери дамон гузоштанд ва Баҳромро даъват ба бардоштани он карданд. Баҳром аз ўҳдаи ин озмоиш баромада, тоҷро аз байни ду шер бардошта, бар сар гузошт. Бо ҳамин озмоиш рўҳониён ва бузургони мамлакат ба подшоҳии вай тан доданд, ў бар тахти подшоҳӣ нишаст. Баҳром ба айёшӣ бисёр моил буд. Вай дар кишвари худ ба сайру саёҳат мепардохт ва ба хонаҳои фақирону давлатмандон меҳмон мешуд ва дар ҳар ҷое зани зебоеро медид, ба ҳиболаи никоҳи худ ме даровард.
Хоқони Чин аз хушгузарониҳои Баҳром хабар ёфт ва хаёл кард, ки бо чунин касе, ки фақат саргарми айшу ишрат мебошад, ҷангидан кори осонест.
Вай бо ўрдуи бисёре ба кишвари Эрон ҳуҷум кард. Баҳром бо паҳлавонони худ ба Озарбойҷон рафт. Мардум хаёл карданд, ки подшоҳ гурехтааст. Бузургони кишвар, ваҳшатзада ба Хоқон паём фиристоданд ва хоҳиш карданд, ки Эронро вайрон накунад, чунки мо ба итоати Хоқон ва пардохти ҳар гуна хироҷ омода ҳастем. Хоқон аз ин паём бисёр хурсанд гардида ва бо лашкариёни худ ба шаҳри Марв ворид шуд ва дар интизории расидани аввалин хироҷ буд ва бо айшу нўш машғул шуд.
Дар ҳамин вақт Баҳром сипоҳи бузургеро ҷамъоварӣ карда, ўрдуи худро аз роҳи Омул, Гургон ва Нисо ба шаҳри Марв расонид. Хоқон ки интизори чунин ҳамлаи ногаҳониро надошт, бо муҳофизони худ дар дасти Баҳром асир афтод ва лашкари бесарусомони вай торумор гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё