Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас Баҳром ба Ҳиндустон назди фармонравои он кишвар Шангул, ки аз пардохт сарпечӣ карда буд, ба тарзи ношинос рафт ва дар он ҷо ҳунарнамоиҳо кард, гургу мореро кушт ва духтари шоҳро ба занӣ гирифт ва ҳамин ки сирраш фош шуд, зани худро гирифта, ба Эрон гурехт ва пас аз шасту се сол фармонравоии комравоёна аз ҷаҳон даргузашт.
Баъд аз Баҳром чандин подшоҳ, ки дар замони онҳо воқеаҳои муҳимме рўй надодааст, ҳукмравоӣ кардаанд. Сипас, Қубод бар тахти Эрон нишаст.
Мардум аз зулм ва беадолатии ин подшоҳ ба танг омада, Қубодро аз тахти салтанат ронда ва ба ҷояш бародари вай Ҷамосбро нишонданд. Қубод ба сарзамини Ҳайтолия паноҳанда шуд. Дар ин вақт вазъи кишвари Эрон ба куллӣ хароб гардид. Каҳтӣ ва гуруснагӣ ҳама ҷо ҳукмфармо буд. Мардум ҳазорон-ҳазор аз гуруснагӣ талаф мешуд. Давлатмандон анборҳои пур аз ғалла доштанд, аммо ба аҳволи зори мардум таваҷҷўҳе надоштанд. Дар ҳамин замон Маздак зуҳур кард.
Фирдавсӣ ҳусни таваҷҷўҳи худро нисбат ба Маздак аз тарси таассуби фармонравоён ва рўҳониён ошкоро баён кардан наметавонист. Бо вуҷуди ин нишон медиҳад, ки мардум бо илҳоми Маздак анборҳои ғалларо мусодира карда, дар байни аҳолӣ тақсим намуданд ва ба ин васила ҷони ҳазорон гуруснаро аз марг наҷот доданд.
Дар ин вақт Хусрави Анўшервон бар тахти шоҳӣ нишаст, ки дар таърихҳои шарқӣ вай ба номи Анўшервони Одил машҳур аст. Вай вазири оқил ва донишманде баргузид, ки ҳамдам ва машваратгари доимии Хусрав буд.
Аз маҷлисҳои Анўшервон панду андарзҳои ин вазири хирадманд бисёр нақл шудааст.
Дар ин боб Фирдавсӣ ҳикояти фоҷиаангезеро дар бораи Зарвони ҳасуд, ки бо дасисаи вай нобуд шудани яке аз наздикони шоҳ бо номи Маҳбуд ва ду фарзанди вай ва чигунагии фош шудани найрангҳои он бадкирдор ва ба ҷазои худ гирифтор шудани вай нақл мекунад.
Сипас ҷангиданҳои бо Ҳайтолия ва Хоқони турк баён мешавад. Баъд аз он ҳикояти пайдоиши бозии нард ва бозии шатранҷ дар ин зимн оварда мешавад ва инчунин Фирдавсӣ дар бораи Барзуяи табиб ва тарҷумаи китоби «Калила ва Димна» сухан меронад. Дар охир Бузургмеҳр ба сабабе мавриди ғазаби шоҳ воқеъ шуда, ўро ба зиндон меандозанд. Аммо Анўшервон бе мадади вай пеш нарафтани корҳои худро ҳис карда, он донишмандро аз банд озод мекунад.
Пас аз Анўшервон писараш Ҳурмуз подшоҳ мешавад. Вай шахсиятҳое, ки дар замони падараш дорои мавқеиятҳо ва эътибор буданд, нобуд мекунад.
Аммо пас аз он ба хатои худ пай бурда, дар бораи ҷазо додан ба касоне, ки худсарона аз қонун сарпечӣ мекунанд, фармон медиҳад.
Дар замони Ҳурмуз Қайсари Рум ва Совашоҳ ба Эрон ҳамла мекунанд.
Ҳурмуз аз пешгўии ситорашиносон мефаҳмад, ки Баҳроми Чўбина наҷоти Эронро аз муҳоҷимон метавонад ўҳдадор шавад. Ҳурмуз Баҳромро эҳзор мекунад ва баъд аз он достони бисёр ҳайратангез «Баҳроми Ҷўбина» пеш меояд.
Баҳром ҳарчанд Ҳурмузро аз шарри душманон наҷот дод ва кишварро озод кард, аммо шоҳи бадгумон аз хидамоти вай розӣ намешуд ва ба қасди таҳқир ба ҷои бахшишҳои шоҳона – ҷомаи занона ва дуки ресандагӣ ба вай инъом медиҳад.

пешина
аз 235
навбатӣ