Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аъроб бо фармондиҳии Саъд ибни Абўваққос ба Эрон ҳуҷум карданд.
Сипоҳи Эрон дар баробари аъроб муқобала кардан натавониста, паи ҳам шикаст мехўрд. Дар яке аз ин ҷангҳо фармондеҳи сипоҳи Эрон – Рустами Фаррухзод, ки ҳамаи умеди Яздигурд ба вай буд, кушта шуд.
Барои шоҳи Эрон ягона роҳ ин буд, ки пойтахтро раҳо карда, ба Марв фирор кунад ва дар осиёбе пинҳон шавад ва дар он ҷо ба дасти осиёбон кушта шуд.
Охирин намояндаи подшоҳони қадими Эрон, ки силсилаи насаби худро ба Фаридун мерасонданд, аз байн рафт ва бо ҳалокати вай «Шоҳнома» ба охир расид. Охирин бахши «Шоҳнома» бо афсўс ва омади амнияте хотима ёфтааст. Махсусан номаи видоияи Рустами Фаррухзод дар остонаи ҷанги шум бо аъроб бисёр ғамангез аст. Вай марги худ ва фатҳи аъробро эҳсос мекунад.
Бархўрди Фирдавсӣ бо истилогарони араб нохушнудона аст. Ў ояндаи торики Эронро пешбинӣ карда, аз қавли Яздигурд мегўяд:

Нишони шаби тира омад падид,
Зи мо бахти фаррух бихоҳад парид.

Эзоҳ: Мазмуни куллии «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро дар ки тоби «Гулшани адаб», ҷилди I, Д, 1975, с. 30-57 овардаем. Дар навиштаи кунунӣ бо номи «Хулосаи Шоҳномаи Фирдавсӣ» лозим дида шуд, ки матлаб бо риояи қатъии сохтор ва устухонбандии ин асари ҳамосӣ баён шуда бошад.

пешина
аз 235
навбатӣ