Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чеҳрасозии лауреати Мукофоти давлатии СССР М.Герасимов хуб бохабар ҳастам. Зеро дар тайёр кардани ҷашни санаҳои таърихӣ ва адабӣ дар бораи Рўдакӣ бо ў ҳамкорӣ кардаам ва ниҳоят, ин ки бо усули кораш дар бораи чеҳрасозӣ ва офаридани чеҳраи устод Рўдакӣ хуб ошно ҳастам. Бо раъй ва хости муаллиф ман муҳаррири китобаш таъин шуда будам, ки он таҳқиқот соли 1958 дар Душанбе бо унвони «Опыт воспроизведения документального портрета по скелету из Панджруда» аз тарафи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон интишор дода шуд.
Экспедисияи илмӣ барои кушодани қабри Абўабдулло Рўдакӣ дар ҳайати М.М.Герасимов, Р.А.Амонов, В.А.Ранов ва Р.Маҳмудов (кишваршиноси Панҷакент) 21 ноябри соли 1956 ба Панҷрўд расида, ба кори асосии худ шурўъ намуд ва чӣ навъе, ки баъдтар дар ин бобат навишта буд, дар асоси таҳқиқоти устод Айнӣ ва маълумоти иловагӣ скелети Рўдакиро ба даст даровард.
Кашфи қабри устод Рўдакӣ чӣ натиҷаҳое ба мо дод? Нахуст бояд гуфт, ки хушбахтона, таҳқиқоти тақрибан сисолаи Садриддин Айнӣ беҳуда нарафт.
Қабри устод Рўдакӣ бе ҳеҷ шубҳа муайян шуд. Ба чӣ далел? Дар майдончаи мазори Боғи Мирӣ (Боғи Малик, Бўстони Панҷрўдак), ки ҷояшро устод Айнӣ муайян карда буд, на дуто ё сето, балки фақат як гўрхона пайдо шуда.
Дуюм, дар қабр на скелети чанд нафар, балки фақат як кас пайдо шуд. Сеюм, устухоне, ки дар ин қабр пайдо шуд, устухони мард буд, на зан. Чорум, он устухон скелети одами куҳансол буд, на устухони бачае ё ҷавоне. Панҷум, скелет осори зарбаи ҷисмониро дошт; қабурғааш нишонаи шикастагӣ дошт, ки шояд натиҷаи шиканҷае ё бадбахтии дигаре бошад дар пиронсолагии он шахс. Шашум, амуди фиқраи скелет на ба пеш камонвор моил буд, ки дар пиронсолагӣ одатан аксар ҳамин шаклро пайдо мекунад, баръакс, вай монанди тахтаи рост шах шуда буд, ки ин, бешубҳа, натиҷаи нобино будани он шахс аст: одами нобино доим симчўбвор рост, каллашро ба тарафи боло кашида роҳ меравад. Таҳқиқоти лаборатории косахонаи чашм нишонаҳои кўрии он шахсро собит кард.
Тамоми ин далелҳоро ҷамъ намуда, М.Герасимов дар навбати аввал ба навиштаҳои Садриддин Айнӣ, ки қаблан бо ў фақат як бор, он ҳам дар Москва пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамсўҳбат шуда будааст, такя мекард. Бино ба таҳқиқоти устод Айнӣ аз рўи кулли асноди таърихӣ, анъанавӣ ва суннатие, ки дар фолклори Панҷрўд нақши худро хуб нигоҳ доштааст, фақат ҳамин

ҷой, ҳамин маҳал – Мазори Уфарӣ мазори устод Абўабдулло Рўдакӣ шуда ме тавонад.
Акнун мулоҳиза карда шавад, ки чӣ гуна мумкин аст, ки ҳамаи ин «тасодуф»-ҳои раднашаванда дар як ҷой ҷамъ оянд. Бояд гуфт, ки ин далоили «ногаҳонӣ», ин фактҳои раднашаванда монанди ҳазорон бурҳони қотеъ ба фоидаи ақидаи мусбат кор мекунанд ва фақат як ҳақиқатро шаҳодат медиҳанд, яъне нишон медиҳанд, ки устухони марди куҳансол аз қабре, ки ба номи Мазори Уфарӣ маъруф аст ва дар Боғи Мирӣ, дар деҳаи Панҷрўд «наздик»-и Самарқанд кашф гардидааст, бе ҳеҷ шубҳа устухони ҷасади устод Абўабдулло ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рўдакӣ мебошад.

пешина
аз 235
навбатӣ