Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Макун ҳамроҳии кас н-озмуда,
Тафовут дон зи дида то шунуда.

Макун бовар суханҳои шунида, 100 Шунида кай бувад ҳаргиз чу дида.

Зи некон бош, андар некўӣ кўш,
Макун некии кас аз дил фаромўш.

Касе, к-ў бо ту некӣ кард як бор, 101 Ҳамеша он накўӣ ёд медор.

Аммо Носири Хусрав ин услубро бошуурона интихоб кардааст ба он ақидае, ки «дар шеър зи такрори сухан бок набошад, – зеро ки хуш ояд сухани 102 нағз ба такрор». Вобаста ба ҳамаи ин ҷолиби диққат аст, ки зарбулмасали 103 дар байни омма ҳоло ҳам машҳури «Шунидан кай бувад монанди дидан»-ро дар назм шоир ба тарзи гуногун кор фармудааст ва ё Носир «Макаш беш аз 104 гилеми хештан пой» мегўяд, ки ин ҳам зарбулмасали дар байни халқ машҳур мебошад: «Аз кўрпаат зиёд поятро макаш» ва ё «Ба кўрпа нигоҳ карда пой дароз кардан». Дар ин хусус ҳамин тавр тахмин метавон кард, ки ё Носир зарбулмасалҳои дар замонаш маълумро истифода бурдааст ва ё суханони ўро халқ ба сифати мақол ва зарбулмасал қабул кардааст. Дар ҳар сурат ин ҳақиқат шаҳодат медиҳад, ки эҷодиёти Носири Хусрав дорои унсурҳои фолклори тоҷик буда, ба оммаи халқ хеле наздик аст: аз ҳамин сабаб рафтори Носир барои зеҳни халқ наздик намудани назм дар асри XI шоистаи зикр аст.
Ин услуб ва тарзи ифода боз як бор тасдиқ менамояд, ки Носири Хусрав, ба хидмати халқи худ тамоман дода шуда буд.
Маҳорати назми Носир бошад, аз як ҷиҳат бо шўҳратнокиаш дар байни халқи тоҷик, аз ҷиҳати дигар, бо андешаҳои пурмазмун ва эътиборнокии дигар устодони номдори адабиёти тоҷик, ки дар ин хусус фикрҳояшонро қайд намудаанд, исбот мешаванд. Чунончи, дар асри XV Абдураҳмони Ҷомӣ – олим, шоир, шеършинос ва мусиқашиноси забардасти тоҷик дар бораи Носири Хусрав навиштааст, ки ў «...дар саноати шеър моҳир буд ва дар фунуни ҳикмат 105 комил».
Дар хулоса ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки услуб ва тарзи ифодаи Носири Хусрав мувофиқ аст ба услуби шоир ва мутафаккири намоёни асри XI-и тоҷик, ки эҷодиёташ (дар қисми беҳтарини ў) тамоюли халқӣ дошта, акскунандаи аҳволу рўҳияи гуногуни ҷамъият мебошад. Услуб ва тарзи ифодаи Носир ба худаш хос буда, нисбат ба услуби шоирони маддоҳи дарбории даврааш мақоми хосро ишғол менамояд. Ақидаи шарқшинос В.Ивановро, ки ба эҷодиёт ва номи шоир бар хилофи ҳақиқат, бе он ки ақоиди иҷтимоии ўро дар назар гирифта бошад, баҳо медиҳад, ҳамчун намунае аз сохтакории беасосе шумурдан ва маънидод кардан муносиб аст.
Омўхтани осори боқимондаи Носири Хусрав барои аҳли таҳқиқи фарҳанги форсу тоҷик вазифаи бошараф буда, кори калони ҷиддии ояндаро мунтазир аст. Тадқиқоти оянда якчанд масъалаи сарпечи эҷодиёти Носир, инчунин масъалаҳои бо эҷодиёти ў вобастаро равшан хоҳад намуд.

пешина
аз 235
навбатӣ