Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Мо дар ин қайдҳои худ фақат ҳамон вазифаро гузошта будем, ки дараҷаи омўхта шудани эҷодиёти асосии Носири Хусравро аз рўи тадқиқоти нашргардида аз назар гузаронем. Баробари ҳамин кўшида шуд, ки баъзе хусусиятҳои эҷодиёти Носири Хусравро (ҳарчанд то андозае бошад ҳам) эзоҳ дода, нисбат ба баъзе каҷравиҳое, ки дар баҳо додан ба эҷодиёти шоир ва 106 мутафаккири мо мавҷуд аст, изҳори ақида намоем.
Равшан аст, ки дар чунин мақола тадқиқи мукаммали эҷодиёти шоирро додан аз имконият берун аст. Ба ҳамин сабаб ҳам якчанд масъалаҳои эҷодиёти Носири Хусрав фақат номбар шуд, якчанд проблемаҳои эҷодиёти шоир ҳоло тадқиқи худро нигарон аст.
Қатъи назар аз ҳамаи ин, метавонем такрор намоем, ки Носири Хусрав яке аз мардони мунҳасир ба фарди тамаддуни тоҷик аст ва номи ў дар байни халқи мо хоҳад монд.
Байти зерин шиори асосӣ ва ҳадафи зиндагии ўст:
Зи мардум зодаӣ, бо мардумӣ бош, 107 Чӣ бошад дев будан? Одамӣ бош!
Понависҳо:
- Б.Ғафуров. Таърихи мухтасари халқи тоҷик, ҷ.1, Сталинобод, 1947, с.
- История народов Узбекистана, т. 1, Ташкент, 1950, с. 292.
- Низомулмулк. «Сиёсатнома ё Сияр-ул-мулук», Теҳрон, 1310, с.173.
Сиасет-наме, «Книга о правлении» вазира XI столетия Низам-ал-Мулька, пер.
Б.Н.Заходер, изд АН СССР, М., 1949, с. 223. - В.В.Бартольд. Туркестан в эпоху монгольского нашествия, т. II, СПб, 1900, с. 321.
- Б.Ғафуров. Таърихи мухтасари халқи тоҷик, ҷ.1, с. 227.
- Девони қасоид ва муқаттаоти Ҳаким Носири Хусрав, Теҳрон, 1304- 1307, с. 521.
- Дар бораи он ривоятҳо муроҷиат карда шавад ба А.Крымский.
История Персии, её литературы и дервишеской теософии. Т.1, №4, М., 1915, с. 451-452; Описание исмаилитских рукописей, собранных А.А.Семёновым, Иран, Л., 1918, с. 2188. К библиографии Насыри Хосроу. Бюллетень 1-го Среднеазиатского Государственного университета, 1924, январь №3, с. 64-66; Е.Э.Бертельс. Насири Хосрав и его время. М., 1952, с.3; Ш.Сомӣ Қомус-улаълом, Истанбул, 1806, ҷ.6, с. 4548-4549. - Schefer Ch. Sefer Nameh. Relation du Vojage de Nassiri Khosrau. Paris, 1881.
- Ethe H. Grundriss der Iranischen Philologie. II, SS. 278-280.
- Browne E. Nasiri Khosrau, poet, travler and propagandist. Journal of the Royal Asiatic Society, 1905, pp. 200-201, 218-246; А.Крымский. История Персии… с.454.
- Нашри Берлин, «Коваёнӣ»,1340.
- А.А.Семёнов. Иран, 1. Л., 1927, с. 215-224.
- Намунаҳои адабиёти тоҷик, Сталинобод, 1940, с. 38-39.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё