Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Вале ҳатман хоҳад хонд.
Баъди як ҳафта гузори Огаҳӣ боз ба нашриёт афтода, бо Н. рў ба рў шуд.
– Вақтҳои охир аз серкорӣ ба сархорӣ вақт намеёбам, – хиҷолатомез паси сар хорид ў. – Андак дастам холӣ шавад, ҳатман мехонам. Рўзномаатон болои мизам истодааст.
Шоир Н. чизе нагуфта, ба чойники холӣ даст бурд, то об оварда, барои меҳмон чой монад. Баробари аз дар баромадани ў, Огаҳӣ бо хандаи ночаспоне изҳор дошт:
чанд бор рўзномаро ба даст гирифтааст, аммо шеърҳои вайро хонда наметавонам.
– Барои чӣ?– ҳайрон шудем мо.
– Барои он, ки шеърҳояш фачанд. Ман чизҳои фачро хонда наметавонам.
Ҳайрат Шанбезода, ки аз қазия огоҳ буд, изҳороти хилофи чашмдоштьи вайро таҳаммул карда натавонист.
– Дурўғ мегўед, домулло.
Огаҳӣ як қад парида, андак сурх шуд.
– Барои чӣ дурўғ будааст? Рост. Ман чанд бор кўшиш ба харҷ додам, аммо… шеърҳояш бисёр фачанд.
Бо вуҷуди ин Ҳайрат паст наомад.
– Дурўғ нагўед, домулло. Айб аст.
Ин дафъа аз ғояти шарм рўи Огаҳӣ ба кулчаи гарму сурхи нав аз танўрканда табдил ёфт.
– Не, мулло Ҳайрат, дурўғ нест. Дар воқеъ ҳам, ман чизҳои фачро хонда наметавонам.
Ҳайрат хам шуд ва чанд мағзи нонро аз замин бардошта, ба табақчаи болои миз партофту рост ба чашмони Огаҳӣ назар дўхт.
– Чӣ хел… наметавонед. О навиштаҳои худатонро мехонед– ку?!.
08. 12. 1996.
АЗ ДУО ҲАМ ЗЎРТАРАНД
Шоири шаҳир Ашўр Сафар бемор ва дар бемористони шаҳри Кўлоб хоб буд. Вазири фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ Бобохон Маҳмадов ба аёдати ў меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё