Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ ҳол доред, Мавлоно?
– Ана ҳолам, – табассуми дардомез мекунад шоир, дар ҳоле, ки болои кат ба пушт хоб буд. – Маҷоли ҷунбидан нест.
– Зиқ нашавед, Мавлоно, – таскин медиҳад вазир. – Мегузарад ҳамааш. Худо хоҳад, шифо ёфта, солиму бардам ба хона бармегардед.
– Кошкӣ, – оҳ мекашад шоир. Вале ин дам чашмаш ба ҳамсафарони вазир (Онҳо дар даст тўрхалтаҳои пурбор ва вазнин доштанд) афтида, гўё дарди худро фаромўш мекунаду дар бистар нимхез мешавад. Э биёед, биёед. Марҳамат, шинед, – хушҳолона ба курсиҳои назди кат ишора мекунад ў.
Баробари дидани тўрхалтаҳо тағйир ёфтани ҳолати шоир аз назари Бобохон Алиевич пинҳон намонда бошад ҳам, ў чизе намегўяд.
Меҳмонҳо соате дар сари болини бемор менишинанду ниҳоят бармехезанд, ки раванд. Ҳангоми хайру хуш Бобохон Алиевич ду коғази панҷоҳҳазорсўмаро таки болини Ашўр Сафар мегузорад. Шоири зирак мефаҳмад:
ғарази вазир чист. Ва аз таки кат асобағалҳояшро гирифта, ба гусели меҳмонҳо омода мегардад. Аснои баромадан аз дари палата Бобохон Алиевич мегўяд:
– Мавлоно, шумо маҷоли ҷунбидан надоштед, чӣ шуд, ки… Ё он коғазҳо чун дору ба тан қуввату мадор мебахшанд?
Аз саволи вазир шоир дасту по намехўрад.
– Ҳо, – мегўяд ба қиёфаи ҷиддӣ. – Он коғазҳо аз дору ҳам зўртаранд. Дутаи дигар партоӣ, туро то Душанбе гусел хоҳам кард…
20. 12. 1996.

АЗ ШУМО МЕПУРСАМ

Дар назди нашриёт нуқтаи тармими соат ба кор сар кард.
Боре Ҳайрат Шанбезода чанд соати вайронро ба усто супорида, ҳафтае пас онҳоро гирифт.

пешина
аз 231
навбатӣ