Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ШАЛПАР АСТ
Беҳуда намегуфтаанд: хонаву палос, одаму либос.
Пироҳани нав ба Тани Н. чунон қоим афтода буд, ки баробари диданаш ҳуш аз сари ҳозирон парида, фаромўш карданд: мавзўи суҳбат чӣ буд. Ва Ҳоҷӣ Мурод гуфт:
– Н. – ҷон, медонӣ– чӣ. Имшаб ман туро хоб дидам.
Бо анна ҳамин куртаат…
Н. бо тааҷҷуб китф барҳам кашид, вале чизе нагуфт.
Саҳеҳтараш, Гурез Сафар имкон надод, ки вай даҳон кушояд.
– Аҷиб– ку!– Нидои ғалатӣ баровард ў. – Охир, ман ҳам… Не, дар ҳақиқат, ин хеле аҷиб!. .
– Шояд бовар накунед, – раиси иттифоқи касаба Шералии Сангинмурод низ натавонист хомўш бошад, – Лекин ин дурўғ нест.
– Чӣ, ту ҳам Н. – ро хоб дидӣ?– аз раҳи одат ба ростии суханҳои раис шубҳа кард Ҳайрат Шанбезода. – Шояд бо ҳамин куртааш?
– Не, – аз кинояи ў дасту по нахўрд Шералӣ. – Ба хаёлам, куртааш дигар буд…
Ин дам чой ҷўшид ва аз Равшани Махсумзод хоҳиш намуданд, ки онро дам кунад. Вале… ба адиби ҷавон аз ҷой хестан «душворӣ» кард ва бо як навъ коҳилии пирона гуфт:
– Оё дар ҳузури зан чой дам кардани мард аз рўи одоб аст?
– Не, – нохушона абрў баҳам кашид Ҳайрат. – Лекин кор фармудани зани шалпар ҳам аз рўи одоб нест.
Гапи Ҳайрат ҳозиронро ба тааҷҷуб андохт.
– Кӣ шалпар аст? Н. ?
– Ҳа…– номаълум ба Н. чашмак зад Ҳайрат. – Охир, дар як шаб ба хобби се мард даромадан осон магар?!.
14. 07. 1997.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё