Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Зеро инаш вайрон асту усто иллаташро наёфт.
Зан ба шиддати хандаи ҳозирон тоб наоварда, аз автобус мефарояд.
17. 01. 1997
РОСТ РАВЕД, МЕРАСАД
Дар яке аз ҷамъомадҳои нашриёти «Адиб», ки бо иштироки вазири фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ Бобохон Маҳмадов мегузашт, аз рўзгори сангин ва маоши ночизи ноширон изҳори нигаронӣ шуд. Чанд кас, аз ҷумла Қутбӣ Киром ҳарф заданд.
Баромади устод Қутбӣ чун ҳамеша пуршўр ва ғайриоддӣ буд. Вақте ў ба вазир рў оварда, «Ин чӣ гап?
Маоши ман то хона намерасад!» гуфт, дар лабони Бобохон Алиевич табассум давида, дарҳол луқма партофт.
– Агар рост равед, мерасад, устод!. .
06. 02. 1997
БОРИ АВВАЛ
Боре Раҷаб Мардон байтеро аз осори кадом як шоир аз ёд хонда, ба таҳсину офарини Гурез бархоста, на фақат дасти вайро самимона фишурд, балки бо нудрат афсўс ҳам хўрд, ки пул надорад, агар не, бидуни андеша ҳоло нимта мехарид.
ҳозирон оҳанги тааҷҷуб карданд: чаро? Охир, он чӣ шуниданд, шоҳбайт ё ягон пора назми пурмуҳтавову ҷолиб набуд ва бегумон ба чунин эҳтимому эҳтиром намеарзад.
– Дуруст, – иқрор шуд Гурез. – Дар ҳақиқат, байти кироӣ нест. Вале… Ман понздаҳ сол аст бо Маҳмадраҷаб ҳамкорам ва бори аввал мебинам, ки вай шеърро беғалат хонад…
03. 03. 1997.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё