Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
дода, гуфт:
– Ин кас ҳам баъзан як чиз– ним чиз тарҷума мекунанд.
– Э, мо ҳамқалам будаем– ку!– якбора хушҳол гардида, аз чӣ бошад, паси сар хорид Н.
– Шумоён на фақат ҳамқалам, балки ҳамалам ҳам ҳастед.
Н. як қад парид.
– Ҳамалам?!
Ҳайрат аз раҳи одат муғамбирона табассум кард.
– Ҳа. Хушдомани ин кас ҳам ҳанўз зинда…
29. 07. 1997.
КОШ
Воқифӣ модарарўси ҳалиму меҳрубон ва нармдилу ширинзабоне дошт. Бинобар ин, аз рафтори модарарўси тарҷумон Н. (кампир дар нашриёт аз гиребони домодаш гирифта, вайро дашному хорӣ дод) таҷанг шуда, дергоҳ ба худ омада натавонист. «Зан синаи меҳр аст ва набояд ба чунин сангдилӣ қодир бошад», – мегуфт ў гаштаву баргашта.
Аз изтиробҳои Воқифӣ дили Н. об хўрда будааст, ки баъди чанд сол, вақте модарарўси Воқифӣ вафот кард, ўро ин тавр таскин дод:
– Кош, ба ҷои хушдомани шумо аз ман мемурд…
30. 07. 1997.
БА ШЕВАИ ХУДАТОН
Баробари аз дар даромадани мунаққид Н. зарфи дасти шоири ҷавон О. афтиду шикаст.
– Аҷиб– ку, – хандид Н. –Дар ин ҷо магар бо забони шиша салом медиҳанд?
– Не, – андешамандона пешона молид Ҳайрат Шанбезода. – Ин кас, аз афт, шуморо шинохта ба шеваи худатон салом доданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё