Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ИШТИБОҲ
Падарам, ман ва ҳамсояҳо дар вурудгоҳи бино ҷамъ омадем, ки машварат намоем. Барфи рўи ҳавлӣ баланд буд, – калонсолонро ба зону мерасиду хурдсолонро– ба ноф.
– Бе барфрўбак ва мошини боркаш ҳеҷ кор карда наметавонем, – гуфт ҳамсояамон амаки Шодимурод. – ҳатто даҳ мард аз ўҳдаи ин кор намебарояд.
– Чаро намебаромадааст?– нохост ба гўш расид овозе. – Ҳеҷ чиз лозим нест. Як худам ҳамаи ин корро мекунам. – Бел дар китф аз зина фаромад марде. – Ана мебинед, дар як дам ҳама ҷой топ– тоза мешавад.
Мо хомўшона ба ҳамдигар нигаристем.
– Ин одам ё девона аст ё маст. – Дар хонаи наваду ҳаштум мезияд.
Мард белро аз китфаш гирифта, табассум кард.
– Хайр, чӣ маслиҳат медиҳед? Сар кунам?
Мо боз ба ҳамдигар нигаристем.
– Чанд сўм мегиред?– пурсид касе.
– Як тин ҳам не, ҷавоб дод ў, – бепул мекунам.
Нидоҳои эътирозӣ баланд шуданд.
– Бепул? Чӣ, мо гадо ҳастем?!– дод зад кадоме аз ҳамсояҳо. – Панҷсўмӣ мепартоем, пули чор шиша нос ҷамъ мешавад.
Табассум аз лабони марди белдор парид.
– Шумо мақсади маро нафаҳмидед– гуфт ў. – Ман мехоҳам ба ҷои варзиш андак бел занам.
– Мақсадатонро нағз фаҳмимдем, – калла ҷунбонд ҳамсояи дигари мо. – Панҷ сўм, бовар кунед, пули кам нест. Ҳа, хуб, даҳсўмӣ мепартоем.
Нигоҳи мард ҳайратангез шуд.
– Узр мехоҳам, – ғурунгид ў, – вале ман воқиан ҳам ин корро бепул карданӣ ҳастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё