Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Котиб акнун ба моҳияти масъала сарфаҳм рафта, аз нав ғазабаш ҷўшид:
– Ҳафтафаҳмҳо!.. О ман флаг, яъне байрақ овезед гуфтам, на фляга!..
АВВАЛ ПОДОРАШРО ХЎРЕД
Мегўянд, аснои меҳмонӣ пеши тилхориҳо дастархон меоранд. Даруни дастархон чанд нон ва як табақча мавиз будааст.
Иттифоқо, ба табақчаи мавиз гамбусакҳо роҳ ёфта будаанд. Баробари кушодани дастархон онҳо аз табақча баромада, ба чор таоаф мехазанд.
Тилхориҳо ҳадаҳа роҳи гамбусакҳоро баста, ба ҳамдигар мегўянд:
– Аввал мавизҳои подрашро хўред, ки мегурезанд!..
ХОНАИ НАВ
Меғўянд, як тилхорӣ хона сохтан хост ва тилхориҳои дигарро ба ҳашар даъват намуд.
Тилхориҳо мардуми аҳЛу тифоқанд ва аз кор наметарсанд. Дар як дам поймарди бисёр ҷамъ шуда, кор авҷ мегирад.
Дасти бисёр, кўҳа кунад ҳамвор. Тилхориҳо зуд чанд лойхона лой шўрида, ба устоҳои похсазан мегўянд:
«Тайёр ҳастед?» «Мо ҳамеша тайёр!»– мўйлабҳои худро тоб медиҳанд онҳо.
Хулоса, дами бегоҳ деворҳои хонаи нав аз даст мебарояд. Тилхориҳо ба иморати баланду боҳашамат бо ҳавас чашм дўхта, қаноатмандиашонро аз натиҷаи кори худ пинҳон намедоранд.
Як вақт воқиаи хилофи чашмдоште рўй медиҳад. Кадоме нидои ғалатӣ бароварда, диққати ҳамаро ба худ ҷалб менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё