Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тилхориҳо ба тааҷҷуб ба вай рў гардонда, мебинанд: бечораро ранг паридаасту аз ҳаяҷони бологир қуввати гуфтор надорад.
Бо ҳайрати бештар ба имову ишорати вай таваҷҷуҳ мекунанд ва нохост… худашонро низ ҳаяҷон фаро гирифта, нидоҳои ғалатӣ мебароранд.
Охир, онҳо бо чашми худ медиданд, ки саргарми ҳавои деворзанӣ чизи муҳимеро фаромўш кардаанд.
Яъне ба дару тиреза ҷой намондаанд…
ГАП БАЙНИ ХУДАМОН1

– Акаи Аҳмадшоҳ, гап байни худамон, мегўянд, ки Шумо айёми бачагӣ ва ҳангоми таҳсил дардонишгоҳ хеле камгап будед. Аммо аҷиб, ки ҳаҷвнигор шудед…
– Ёрони айёми бачагӣ, баъзе шарикдарсонам низ чунин мегўянд. Вале худам намедонам. Ба гумонам, ягон вақт ман камгап набудам. Модари бачаҳо низ камгапии маро ёд надорад. Гузашта аз ин, вай мегўяд, ки ман баъзан дар хоб ҳам… Вале иқрор мешавам: дамдузд будам. Оё «камгапӣ»– ю «дамдуздӣ» як чиз нестанд. Не, ҳарчанд шабоҳати маъноӣ доранд. «Камгапӣ» сифат аст, «дамдуздӣ»– иллат…
Воқиан, саволи шумо ғалатист. Барои ҳаҷвнигор шудан сергап будан шарт нест. Fайр аз ин, ба маълумоти шумо расонам: асарҳои ҳаҷвӣ ҳам бо қалам навишта мешаванд, на бо забон…
– Гапатон дуруст, лекин ба ҳар ҳол бештари ҳаҷвнависон дар зиндагӣ одамони шўхтабиатанд… Аз ҳама воқеаи хандаовар дар ҳаёти шумо?
– Боре писарам– Бобоҷони хурдакак тозон аз дар даромаду гуфт: «Дада, духтари ҳамсоя шуморо ҳақорат кард». «Ҳо, – оҳанги тааҷҷуб намудам. – Хайр, чӣ гуфт?»
Бобоҷон дар ҳоле ки аз шиддати ҳаяҷон овозаш меларзид, гуфт: «Дада!»
– Зиндагии имрўзаро бо як ибораи ҳаҷвӣ чӣ тавр баён мекардед?
– Илоҷи дарди сарашро агар намедонанд, Маро баранду ба гирди сараш бигардонанд.
– Мегўянд, ки ҳаҷвнигорон агарчи мардумро механдонанд, худ дарун– дарун месўзанд…
– «Дарун– дарун» сўхтани адибони ҳаҷвнигор сабаб дорад. Яъне оташи алами онҳо баланд аст ва агар «берун– берун» сўзанд, дунё оташ мегирад.

1
Мусоҳиба бо мухбири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Равшан Махсумзод.

пешина
аз 231
навбатӣ