Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва бояд гуфт, ки онҳо аз уҳдаи иҷрои ин нақши барояшон ғайриоддӣ бо сари баланд баромаданд.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад, шоири маҳбуби халқамон, марҳум устод Қутбӣ Киром баъди мутолиаи ин ҳикояҳо гуфта буд: «Чизҳои хуб…ҳамин саҳар як рафиқ латифаи фаче гуфт. Он хандаовар набошад ҳам, баланд хандидам. ҳа, амалдори муҳтарам наранҷад гуфта. Ва медонӣ, хандаи набударо чӣ хел «даъват» намудам? Бо ёрии «Гўсфанд куштан беҳтар…»
Манзури ў ҳикояти мазкур буд: Боре як шогирди хираи устод Қутбӣ бо ҳаяҷони сохта изҳор медорад, ки агар устод дар хонааш меҳмон шавад, вай дар пеши ў худашро хоҳад кушт. Гапи шогирдро шунида ғаши Раҷаб Мардон меояду норозиёна меғурунгад: «Дар пеши устод гўсфанд куштан беҳтар. Вай гўшти хук намехўрад…»
– Аҷиб, ки бисёр нависандагони мо аз устод Айнӣ сар карда, аввал шеър менависанду сонӣ ба наср рў меоранд.
Касе ба ман гуфт, ки Аҳмадшоҳ низ аввал шеър менавишт…
– Сабаби инро ман ҳам намедонам, вале як вақтҳо шеър менавиштам. Соли аввал ё дуюми таҳсил дар донишгоҳ буд. Ман дар ҷои маъмулӣ – курсии охири дарсхона менишастам, як қатор пештар – духтари соҳибҷамол М…
Дар рўи шонаҳои паҳни вайд у кунда мўи қатронии тару тоза…
– Чӣ менависӣ?– баланд шуд як вақт овози муаллим Асрорӣ.
– Шеър…– номаълум ба М. нигаристам. Бояд гуфт, ки ҳоло вай рўй ба ақиб менишаст ва чеҳраи гандумгунаш ифодаи нохуше дошт.
– Шеър?. . ҳангоми танаффус нависӣ намешавад…
– Не, муаллим, – паси сар мехорам ман. – Охир, ин рубоӣ не, достон…
Аз ҷавоби ман лабони муаллим ба табассум моил шуданд, вале нигоҳи М… ҳамон вақт фаҳмидам: шеърнависӣ кори ман нест ва тахтаву тираки шоирӣ ғундоштам.
– Киро дар ҷодаи ҳаҷвнигорӣ устоди худ медонед?

пешина
аз 231
навбатӣ