Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чаро мо ҳаҷвнигори хуб надорем?
– Эҳтимол, ҳаҷвнигори хуб надошта бошем. Вале асарҳои хубу хонданбоби ҳаҷвӣ дорем ва бешубҳа, онҳо мояи ифтихори моянд. «Марги судхўр»–и устод Айнӣ, қиссаи «Дар он дунё» ва чанд ҳикояҳои шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев, ҳаҷвияву репризҳои Ўрун Кўҳзод, Абдулҳамиди Самад, Бурҳон Fанӣ, Имомназари Холназар, Саидаҳмадии Зардон, Дадахони Эгамзод, Наҷмиддини Шоҳинбод, Қурбони Аламшоҳ, Гурез Сафар… Шояд бовароатон наояд, вале бо эътимоди комил мегўям: баъзе осори ин адибон дар воқеъ ҳам бо шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон ҳамсанганд.
– Қариб ҳама адибоне, ки Шумо ном гирифтед, ҳикояҳои хурд– хурди ҳаҷвӣ менависанд.
– Бале. Алалхусус навиштаҳои шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев хеле ҷолибанд. Ин худситоӣ нест, вале ман баъзеи онҳоро аз ёд медонам. Истеъдоди нодири ҳаҷвнигорӣ даст дода будааст ба он кас. Рўҳашон шод бод!
Вале нодуруст мебуд, агар гумон кунед: навиштани ҳикояҳои хурд осон аст. Боре Амак (Фазлиддин Муҳаммадиев) як ҳикояи Абдулҳамиди Самадро нишон дода, гуфта буданд: «Дар ин қатра офтоб ғунҷидааст».
Акнун худатон мулоҳиза намоед: офтобро дар қатра ғунҷондан магар осон аст?
– Нависандаи дўстдоштаатон?
– Азиз Несин.
– Дар китоби охирини шумо «Дасти ману домани шумо» ҳикоёти зиёде ҷой гирифтаанд, ки аз ҳаёти адибони муосири мо нақл мекунанд. Кадом адибони мо метавонистанд ҳаҷвнигор хуб шаванд?
– Ин китоб соли 1992 ба нашр омода гардида бошад ҳам, порсол рўи чопро дид. Як боби китоби мазкур аз «Ҳикояҳои даҳанакӣ» иборат аст. Ҷавҳари ин ҳикояҳо рўйдодҳои зиндагист, ягон чизи бофтаву сохта надоранд. Ин силсила боз аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки билкул аз рўзгори соҳибқаламон нақл мекунад. Яъне адибон дар ин маврид вазифаи дигар– қаҳрамонро адо менамоянд.

пешина
аз 231
навбатӣ