Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
«Ниҳоят шавқи сафар боло гирифт. Дере нагузашта, ў чанд халтаи ҷуволмонанд харид ва ба ҳаҷ рафт»
«Ҷустуҷўҳо самар доданд. ҳунарманди ҷавон аз «Хонаи радио» арўс ёфт».
«Суруди аввалин болу пар бахшид. Рўзи дигар ў ба
«Жигули»– и нав нишаста, ба «Хонаи радио» парвоз кард».
«Онҳо мўи сафед доштанд, «тиллои сафед» ҷамъ меоварданд ва дар вақтҳои фориғ аз кор дар ошхонаи «Роҳи сафед» арақи сафед менўшиданд…»
«Дид, ки бо рафтуомад намешавад, «Хонаи радио»– ро ба иҷора гирифт».
«– Суруди аввалатон кадом аст?
– «Ленин– бародари раҳнамо».
– Суруди охиринатон чӣ?
– «Ленин– бародари раҳнамо»…»
«Ба ҳофизи ҷавон маслиҳати мо ин аст, ки дасти ҳунарварони номиро гирад, вале ба доманашон начаспад».
«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст», – аз дил гузаронд додварзи озмуда, ҳангоми убури майдони «Шаҳидон».
«Аз пулҳои ҳароми фурўшандаи қалбдасти мағоза дасти чанд бачаи бепарасторро ҳалол карданд».
«Модар аз шўхиҳои духтараш хушҳол шуд ва…
шавҳар кард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё