Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
«Ба нафақа баромада, се рўз дар хона нишаст. Вале рўзи чорум тоқаташ тоқ шуда, ба худ гуфт: «Агар мудир кушад ҳам, худи ҳозир ба ферма меравам. Пистонҳои Алоро ёд кардам…»
«– Хола, шумо гуфтед, ки бахти авваламро шаби тўй дидам. ҳамин тавр не?
– Ҳа, бачем. Дар паси пардаи арўсӣ.
– Хайр, вай чӣ хел будааст?
– Асло напурс, бачем. Калон, ғафс, ришу мўйлабдор…»
«Амакат ба пою қадам буданд, бачем. Он кас омаданду зиндагӣ ранги дигар гирифт. Соли аввал худам зоидам, соли дуюм– говамон. Вале соли сеюм гўё қиёмат қоим шуд. Охир, пасопеш сездаҳ бузи худамону се гўсфанди холаат бача кард. Қанчиқи пиру бедандони ҳамсояро намегўӣ, ҳатто ҳамон қарор шишта натавонист, якбора шашта зоид…»
«Як бор чашмак зад, дам назадам. Ду бор чашмак зад, дам назадам. Се бор чашмак зад, дам назадам. Вале бори чорум тоқат накардам, «Ин мардак ба ман ошиқ шудагӣ барин», – гуфтаму ман ҳам чашмак задам. Хайр, ман аз куҷо медонистам, ки вай котиби райком асту аз касалӣ ин хел чашмак мезанад!..»
«Мо аз уҳдаи коре ба хубӣ мебароем: теша ба решаи худ задан…»
«Радио забони миллати гунг аст!»
«Мо аз табар менолем, вале фикр намекунем: дастаи вай аз дарахти худамон аст».
«Пагоҳ дар боғи истироҳати шаҳр суратҳое намоиш дода мешаванд, ки ба бордоркунии сунъӣ оиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё