Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
«– Шумо ҳамчун корманди идораи сўхторхомўшкунӣ чӣ таманно доред?
– Хонаи номард сўзад!..»
«– Бобо, агар муъҷизае рўй медоду шумо аз нав ҷавон мешудед, пеш аз ҳама чӣ кор мекардед?
– Зан мегирифтам.
– Барои чӣ?
– Барои он, ки кампири дасттанҳоям аз ташвиши рўзғор халос шавад…»
«– Амак, шоир гуфтааст: «Хандаҳои духтарон дар пахтазорон зинда бод!» Шумо чӣ мегўед?
– Мани деҳқон мегўям, ки пахтазор ҷои духтарони маст нест…»
«Қаҳри раис омаду ба сари подабон дод зад: «Ту чӣ хел мардӣ, ки имсол ягон модагов назоид?!.»
«Паланг ба модагург дарнаафтид, – муддате аз пасаш давиду ақиб гашт. Чўпон аз рафтори саги худ ранҷида, вайро таъна зад: «Ҷалаб!..»
«Дар поёни растаи «Ахбори ғалатӣ» ба шумо чанд суруди классикиро дар иҷрои Бариси Наматӣ пешкаш мекунем…»
«Бояд иқрор шуд: гоҳо дар «Гулзори сухан» … пода мечарад».
«Барномаи «Ахбор»– ро бо ин сатри ҳофизи бузургвор хотима медиҳем: «Теғ сазост ҳар киро, дарки сухан намекунад!»
«Корвони савту суруд» ба гулфурўшони хиёбони марказии шаҳр бо ин суруди дархостияшон пайғом мерасонад: «Миллион– миллион алых роз…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё