Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
«Дар ҳошияи барномаи «Навниҳолон». Дўстони наврас, ба устодони худ ҳатман салом диҳед. Фаромўш накунед: онҳо ҳаргиз гуноҳи шогирдонро намебахшанд ва мумкин аст ба ҳоли шумо ханданд…»
«– Мижгонаҷон, дар синфи чандум мехонӣ?
– Дуюм.
– Бисёр нағз. Акнун бигў, Мижгонаҷон, ту порсол дар синфи чандум мехондӣ?
– Дуюм…»
«– Наврўзҷон, туро ба барномаи имрўзаи «Навниҳол» хайра мақдам мегўем?
– Почему?. . »
«– Каримҷон, аз нигоҳҳоят ба ман маълум, ки ту ҳам шеър хондан мехоҳӣ. Канӣ, бихон.
– Ошиқам, ошиқ ба рўят, гар намедонӣ, бидон!. . »
«– Боқиҷон, мо, мутассадиёни барномаи «Навниҳол»
рўзномаи туро варақ задем. Дар он як баҳои «аъло» низ будааст. Хайр, ин баҳоро кай гирифтӣ?
– Панҷа мегўед? Ҳамин рўз. Акоям ба радио меравӣ гуфта, монд…»
«– Комилҷон, ту дар синфи чанд мехонӣ?
– Як.
– Хайр, оё баъди хатми мактаб ходанро давом доданӣ ҳастӣ?
– Ҳа.
– Дар куҷо?
– Дар синфи ду…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё