Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Арбоб Вадуд гулў афшонд.
– Медонӣ– чӣ, ин кори онҳо хуб нест, вале аҳамияти тарбиявӣ дорад. Яъне хостаанд, ки минбаъд ҳамаро ба як чашм бинӣ…
04. 05. 1995.

ҚАҲРАМОН

– Ба идораи ақди никоҳ рафта будам. Аз ҳамон ҷо меоям.
– Идораи ақди никоҳ?– аз чӣ бошад, якбора сар бардошта хавотиромез ба меҳмон нигарист Раҷаб Мардон.
– Магар…
– Ҳа, ҷудо шудем. Бо зани панҷум ҳам соз гирифтан дар тақдирам набудааст.
Меҳмон хандаи ночаспоне карда, чои хунуки пиёларо дам кашид ва аз… дили худ шикоят намуд. Маълум гардид, ки дили «бетамиз»– и ў аллакай бо хаёли нозанине хў гирифтаасту шавқи дидори вайро дорад. Сипас чолокона аз ҷой хест, ба ҳавои суруде, ки аз карнаи радио танинандоз буд, лаҳзае дасту по ҷунбонда, бидуни он ки бо касе хайрухуш кунад, аз дар баромад.
Дар сандуқи синаи меҳмон чанд нишони ҷашнӣ насб буд, ки яке аз онҳо ранги сурх дошт ва ситораи қаҳрамониро мемонд. Шояд аз ин сабаб, кадоме аз ҳозирин пурсид: оё меҳмон қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанист.
– Ҳа, гуфт Раҷаб Мардон. – Вай ҳам қаҳрамон аст.
Фақат қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ неву қаҳрамони ҷанги бузурги баданӣ…
24. 05. 1995

НАМЕФАҲМӢ

А. А. гуфт, ки ба як чиз ҳайрон аст. Меҳрӣ (муҳаррири саҳифабанд) беибо гап мезанад, суханҳои дағалу дурушт мегўяд, ҳатто баъзан аз таҳқиру дашном забон нигоҳ намедорад.

пешина
аз 231
навбатӣ